ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Окт 12 2017


Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе бо 1 қарори вежаи худ аз 9.10.2017 ба фаъолияти бозори «Шоҳмансур» нуқта гузошта бо ин онро барҳам дод. Ин амал тибқи амалиёбии нақшаи генералии ш.Душанбе сурат гирифта дар назар аст, ки қитъи собиқ бозор азнавсозӣ гашта дар он макон иншоотҳои нави маъмурӣ ва истиқоматӣ қомат афрозанд.
Дар асоси қарори мазкур  Раёсати рушди иқтисод ва савдо, Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур» дар ҳамкорӣ бо Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе  муваззаф гардидаанд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати кӯтоҳтарин барои боздоштани ҳама намуди фаъолият дар ҳудуди бозори мазкур ва дар якҷоягӣ бо дигар бозорҳои коммуналию хусусӣ, марказҳои савдо бо мақсади бо ҷойҳои нави фурӯш таъмин намудани фурӯшандагон ҷиҳати идома додани фаъолияти соҳибкориашон дар дигар нуқтаҳои савдои муқарраршудаи муносиб тадбирҳои зарурӣ андешанд.

СССР
 


Чоршанбе, Окт 11 2017


Роҳбарони шаҳру навоҳӣ, варзишгарони номдор ва роҳбарияти донишгоҳу пизишкони беморхонаҳо ҳудуди 2000 нафар, дар ҳашари умумивилоятии кӯмакрасонӣ ба деҳқонон ширкат карданд. Ҳашарро Давлатшо Гулаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон бо ҳамроҳии Ҷаббори Ғаффор дар ҷамоати деҳоти "Бохтариён"-и н.Бохтар оғоз карданд. Аз варзишгарон дар ин ҳашари пахтачинӣ Набимуҳаммад Хоркашев низ буд.
Ҳикматулло Умаров, мудири хоҷагии муассисаи такмили ихтисоси вилоят мегӯяд, ки солҳои сол пахта начинда буд, вале ахиран ӯро барои ҷамъоварии пахта даъват карданд. "Ба саҳро баромадем, то ин ки ба деҳқонон кумак кунем, боз пулашро ҳам медодаанд. Ҳоло корхонаю ташкилотҳои зиёд омадаанд, барои ин ҳашар".
Масъулин мегӯянд, мақсади эълони ҳашари оммавӣ сард омадани ҳаво будааст, ки бим доранд пахта талаф меёбад ва барои ҳамин бояд зуд ҷамъоварӣ шавад. Зеваршо Воҳидов, ҳуқуқшиноси Донишгоҳи энергетикии Тоҷикистон мегӯяд: "Рӯзҳои истироҳатӣ ҳозирем, ки пахтаро ҷамъоварӣ кунем, ки талаф наёбад…".
Тоҳиралӣ Тоҳиров, саркишоварзи заминҳои ҷамоати "Бохтариён" гуфт, аз духтуру омӯзгор то кормандони ҳукумат дар ин ҳашар ширкат карда, дар 1 соати аввал 15-килограммӣ пахта чиданд: "Ин ҷо духтурон ва кормандон аз корхонаҳо қариб 2000 нафар омадаанд ва ният доранд, ки пахтаро пурра биғундоранд. Дар ин хоҷагӣ пахта имсол хуб шуд…".
Масъулини хоҷагие, ки тариқи ҳашар пахтаро ҷамъоварӣ мекунанд, мегӯяд, ҳар 1 корхонаро номнавис карда, барои 1 кг пахта 50 дирам медиҳанд.

Баҳодур Уроқов

Чоршанбе, Окт 11 2017


Аз субҳи 10.10.2017 бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт баста шуда, ба тамоми тоҷирон ва савдогарони бозори мазкур тавсия шудааст, ки барои идомаи фаъолияти соҳибкорӣ ба маҷмааи савдои «Меҳргон»-собиқ «Пойтахт-90» бираванд. Ба фурӯшандагони бозор барои ҷамъоварии ашёи хеш ва фурӯши маҳсулоти боқимонда 5 рӯз мӯҳлат дода шудааст.
Чуноне ки ба мухбири мо аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд, бозори «Шоҳмансур» тибқи нақшаи генералии ш.Душанбе, ки тайи солҳои охир ба тадриҷ амалӣ ёфта истодааст, бартараф хоҳад шуд. Маҷмааи «Меҳргон» бошад тамоми имконоту шароити муосирро барои савдою тиҷорат фароҳам оварда дорои 3000 ҷойи савдо мебошад.
Дар бораи он, ки ба ҷойи бозори «Шоҳмансур», ки яке аз рамзҳои ш.Душанбе буд, чӣ бунёд мешавад ва шароити фурӯшандагон дар маҷмааи «Меҳргон» чӣ гунна аст, дар гузориши мухбирони газетаи СССР дар шумораи оянда хоҳед хонд.

СССР

Чоршанбе, Окт 04 2017


Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъи ҳавои ноустувори кишвар аз ронандагон даъват намуд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо эҳтиёткор бошанд.
Бо сабаби ба амал омадани вазъи номусоиди боду ҳаво дар ҷумҳурӣ имрӯз сокинони кишварро мебояд зимни  анҷомдиҳии корҳои саҳроӣ  эҳтиёткор бошанд ва баҳри ҳифзи саломатии худ аз рафтан ба шикор ва ҷамъоварии ҳезум худдорӣ намоянд. Ҳамчунин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ронандагон ва велосипедронҳоро ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми гузаштан аз минтақаҳои кӯҳистон эҳтиёткор бошанд, зеро хатари резиши санг дар назар аст.

СССР

Чоршанбе, Окт 04 2017


Бо фармони раиси ш. Душанбе Рустами Эмомалӣ Саидвалӣ Сабзаев директори КВД «Бозори Саховат» таъин гашт. Ин таъинот рӯзи 18.09.2017 ба тасвиб расида директори нави бозор ба фаъолияти хеш дар бозори мазкур аз субҳи рӯзи дигар оғоз намуд.
Бояд қайд кард, ки Саидвалӣ Сабзаев чанд соли охир дар маъмурияти КВД «Бозори Шоҳмансур»-и пойтахт дар вазифаҳои гуногун кор карда тайи 2 ҳафтаи охир роҳбарияти КВД «Бозори Саховат»-ро бар дӯш дорад.

СССР

Душанбе, Окт 02 2017


Имрӯз, 2 октябр, ноҳияи Н.Хусрави вилояти Хатлон дар рӯзи аввали сафарбаркунии даъватшавандаҳо ба Артиш нақшаи аскаргириро пурра иҷро кард. Саидзода Бозоргул муовини раиси ноҳия дар сӯҳбат бо СССР ин хабарро тасдиқ карда гуфт, ки «аз рӯзи аввал ҷавонони ноҳия ихтиёран омада аз муоинаи тиббӣ гузаштанд, ҳоло бошад 110% нақшаро иҷро кардаем. Агар лозим шуморанд дар сатҳи вилоят кӯмак низ мекунем». Худи ҷавонон гуфтаанд, онҳо дилпуранд, ки хидмати дусоларо дар ҷузъу томҳои ҳарбӣ сарбаландона адо хоҳанд кард. Хурсандмурод Исмоилов, яке аз даъватшавандаҳо дар суҳбат бо СССР гуфт, "дар бораи шароити хидмат ҳар кас ҳар гап мегӯяд. Вале хидмати ҳарбӣ мояи шарафи ҳар як ҷавон бояд бошад."
Худойдод, ҷавони дигар мегӯяд, ки "хидмати ҳарбии Ватан барои ҳар ҷавон қарз аст. Ин масъулият водор мекунад, ки ҳар ҷавон хидмати ҳарбиро адо кунад."

Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

саҳ 103 аз 156

Китобҳо

Flag Counter