Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъи ҳавои ноустувори кишвар аз ронандагон даъват намуд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо эҳтиёткор бошанд.
Бо сабаби ба амал омадани вазъи номусоиди боду ҳаво дар ҷумҳурӣ имрӯз сокинони кишварро мебояд зимни анҷомдиҳии корҳои саҳроӣ эҳтиёткор бошанд ва баҳри ҳифзи саломатии худ аз рафтан ба шикор ва ҷамъоварии ҳезум худдорӣ намоянд. Ҳамчунин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ронандагон ва велосипедронҳоро ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми гузаштан аз минтақаҳои кӯҳистон эҳтиёткор бошанд, зеро хатари резиши санг дар назар аст.
СССР