ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Июл 28 2017


Ҳукумати шаҳри Душанбе ба маъмурияти бозорҳо супориш додааст, ки дигар аз майдафурӯшоне, ки дар назди бозорҳо савдо мекунанд, пули чеки бозор нагиранд. Маҳмадсаид Зувайдзода-муовини аввали шаҳрдор гуфт, "намешавад, мо тамоми корамонро партофта, ба пеш кардани он холаҳо машғул шавем. Мо тавсия дода истодаем, оҳиста-оҳиста ин мушкил ҳал мешавад. Набояд дар ин масъала аз зӯр кор бигирем.”

Ҷумъа, Июл 28 2017


«Агар заводи биринҷ фаъолият накунад ҳам, ҷои ин корхонаро метавонад дигар дастгоҳҳои хурди сектори хусусӣ иҷро намояд», гуфт Муҳаммадсодир Сафарзода-муовини аввали раиси ш.Панҷакент. Ӯ ин андешаро дар ҳузури журналистон дар як нишасти хабарӣ дар Панҷакент иброз дошт. Ба андешаи ҷаноби Сафарзода, дигар эҳтиёҷ ба заводи биринҷ намондааст, зеро дар бахши секторҳои хусусӣ 35 обҷувозҳои дигар мавҷуданд, ки барои тоза кардани шолӣ ва баровардани биринҷ кифоя будаанд. Заводи биринҷи ш.Панҷакент яке аз корхонаҳои саноатист, ки чанд соли охир тибқи маълумотҳои расмӣ қариб ки фаъолият намекунад. Бо вуҷуди он, ки коргоҳ барои соҳаи саноат ягон фоида намеорад, аммо то ҳол дар рӯйхати корхонаҳои саноатӣ бароварда нашудааст.


Хуршед Фозилов

Панҷшанбе, Июл 27 2017


Моҳе пеш ба мавзӯи фоҳишаҳо даст задани ман сенсатсия ба вуҷуд овард. 1 гурӯҳ милисаҳое, ки то имрӯз фоҳишаҳоро аз чинорҳои таги меҳмонхона фарқ намекарданд, дар даст газетаи СССР, маро мекофтанд. Баҳодур Уроқов-мухбири СССР ба ман занг зада гуфт, ки «Апа, ҳама шуморо кофта истодаанд, рақамҳои телефонатро диҳам, ё не?». Розӣ шудам. Пас аз ним соат бо сардори ШВКДи ш.Қӯрғонтеппа-Набиҷон Исозода вохӯрдам. Ӯ гуфт, ки «2 моҳ пеш ба ин вазифа таъин шудааст ва аз вазъияти шаҳр хуб огаҳ нест. Фақат ҳамин чиз аёнам гашт, ки сокинони шаҳр нисбати тақдири ҳамдигар бетарафӣ зоҳир мекунанд». Аз он, ки банда ҳақиқатро баён кардам, Исозода наранҷид, балки бо изҳори қаноатмандӣ намуд. Исозода гарчанде ҷавон аст, аммо хело марди бофаросату дидадарост. Ӯ ваъда дод, ки дар муддати кӯтоҳ масъаларо ҳал мекунад ва ҳамин тавр ҳам кард.
Шикори фоҳишаҳо сар шуд.

Браво, Исозода!
Бо ёрии нозири минтақавӣ Суҳроб Шоимов дар назди меҳмонхона ягон фоҳиша намонд. Тангкӯчае, ки пур аз танфурӯшон буд, имрӯз тозаю озода аст. Ҳама бе ягон мамоният равуо доранд. Гоҳ-гоҳ ягон «шапалак» пайдо мешаваду зуд ғайб мезанад. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, даҳҳо нафар аз ман миннатдор шуданд, ки тавассути газетаи мардумии СССР, ҷонашонро аз ин «шаттоҳон» халос кардам. Мо Метавонем!
Фоҳишаҳое пешам омада: «Апаҷон, мо беваем, чӣ кор кунем?»-гӯён узр мепурсанд. Вале хоҳарони азиз, бешавҳарӣ баҳона шуда наметавонад. Касе номуси худро мефурӯшад, чаро фарзанд, падар, модар ё Ватанашро нафурӯшад??? Дар зимн 1 сухани хуби Исозода ёдоам омад, ки гуфт:
«Баҳонаи фоҳиша дурӯғ аст. Касе фоҳишаро пуштибонӣ кард, духтараш фардо фоҳиша мешавад. Нафаре, ба номуси зан ё духтари бечорае таҷовуз кард, наздикони худашро таҷовуз мекунанд. Ин ҳақиқати талх ва исботшудааст!».
Худо ба ҳама инсоф диҳад!


Бадахшон Зардакова,
шаҳри Қӯрғонтеппа, тел: 919 18 66 00

Чоршанбе, Июл 26 2017


Бори аввал дар беморхонаи Қарияи Болои ш.Қӯрғонтеппа ба номи Б.Воҳидов, нишасти хабарӣ баргузор шуд ва дар он духтурон аз бурду бохт ва мушкили ҷойдоштаашон ба хабарнигорон маълумот доданд. Алихон Нуралиев-сардухтури беморхона инчунин дар мавриди нақшаҳои ояндааш сӯҳбат кард. Аз ҷумла, ӯ зикр кард, ки моҳҳои наздик тибқи тендер ва сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ба сохтмони бинои нави замонавии беморхона оғоз мекунад, ки дар назар аст, дар он ҷарроҳии ҷигар ва ҳам иваз намудани гурда ба роҳ монда шавад. Ҳоло бошад мутахассисон барои анҷоми ҷарроҳиҳо омодагӣ мегиранд, гуфт ӯ. То ин вақт бархе аз сокинони вилоят аз нокифоя будани лавозимоти тиббӣ барои бемории гурда ва ҳам иваз намудани хун азият мекашиданд. Аз дидани чунин беморон мушоҳида карда мешуд, ки аксарияти онҳо бо аробачаи маъюбӣ роҳ мерафтанд. Нуралиев, ки аз с.2014 ба ҳайси сардухтури ин беморхона фаъолият мекунад, мегӯяд, дар чанд соли фаъолияташон онҳо ба муваффақияти зиёде ноил шудаанд, аз ҷумла, азнавсозии бинои бемориҳои қалб ва бозсозии биноҳои беморхона ва саҳни он. Ӯ афзуд, ки аз ҷониби табибони беморхонаи маркази вилоят дар давоми 6 моҳи соли равон кумаки сайёри махсусгардонидашуда 58 маротиба ба шаҳру навоҳии вилоят расонида намуда, ба мардум ёрии ройгони тиббӣ додаанд. Бояд гуфт, ки дар беморхонаи клиникии вилоятии ш.Қурғонтеппа ба номи Бӯрӣ Воҳидов 124 нафар табиб фаъолият мекунад ва аз 22 шӯъбаи табобатӣ иборат аст.


Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

Ҷумъа, Июл 14 2017


Ширкати ҳавопаймоии рус «Ямал» эълон намудааст, ки парвозҳои хешро ба 2 шаҳри Тоҷикистон – Душанбе ва Хуҷанд аз 1.08.2017 оғоз хоҳад кард. Дар ин бора Сергей Сескутов, ҷонишини директори Департаменти сиёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти ФР зимни сафари кории хеш ба Тоҷикистон, ки чанде пеш ба вуқӯъ омада буд, иброз доштааст.
Ҳайати гурӯҳи кории рус баҳри баррасии масоили ҳамкорӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ аз Маскав ба Душанбе омада рӯзҳои 29-30-и июни соли ҷорӣ дар Душанбе бо ҳамтоёни Тоҷики хеш вохӯрда масъалаҳои мубрамро ҳаллу фасл намуданд. Дар ин бора ба мухбири СССР дар вазорати нақлиёти кишвар хабар доданд.

СССР

Панҷшанбе, Июл 13 2017


ҶСК “Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе” дар нимсолаи 1-уми соли 2017 ба 600,8 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 76,4 ҳазор нафар мусофир ё 14,6% зиёдтар мебошад, аз он ҷумла: ба 348,0 ҳазор нафар мусофири рафта ва  252,7 ҳазор нафар мусофири омада. Миқдори умумии бор ва почтаи қабулгардида ва интиқолдодашуда аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳи Душанбе дар давраи ҳисобот  1307,0 тн.-ро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли 2016  148,0 тн. ё 12,8 % зиёдтар мебошад. 
Чуноне ки ба мухбири мо дар маркази матбуоти ҶСК “ФБД” хабар дод, миқдори рейсҳои хизматрасонидашуда: рейсҳои доимӣ – 2501  адад, рейсҳои чартерии ғайринақдӣ – 153 адад, рейсҳои чартерии  нақд – 14 адад. Сабаби асосии кам шудани миқдори рейсҳои доим қатъ шудани 4 рейси ширкати ҳавопаймоии «Уралские авиалинии» ва 3 рейси XСК «Сомон Эйр» дар моҳҳои апрел-майи соли ҷорӣ мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ оид ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо 428 эрод ворид шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта – 46 эрод ё 9,7 % зиёдтар мебошад, аз онҳо 421 эрод қонеъ гардонида шуданд ва 7 эрод дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд. 
 Теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошташавии парвозҳо дар давраи ҳисоботӣ 715 ададро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта – 291 парвоз ё 68,6%  зиёдтар мебошад. Сабабҳои асосии ба таъхир гузошта шудани  парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Душанбе чунинанд: дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз – 462 ҳодиса, дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, баrайдгирии иловагӣ ва супориши намоянда, тағйирёбии парвозҳо ва ғайра) – 160 ҳодиса, номусоидии обу ҳаво – 54 ҳодиса, ҷорӣ будани реҷа – 15 ҳодиса ва ғайра.

СССР

саҳ 109 аз 156

Китобҳо

Flag Counter