ҶСК “Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе” дар нимсолаи 1-уми соли 2017 ба 600,8 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 76,4 ҳазор нафар мусофир ё 14,6% зиёдтар мебошад, аз он ҷумла: ба 348,0 ҳазор нафар мусофири рафта ва 252,7 ҳазор нафар мусофири омада. Миқдори умумии бор ва почтаи қабулгардида ва интиқолдодашуда аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳи Душанбе дар давраи ҳисобот 1307,0 тн.-ро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли 2016 148,0 тн. ё 12,8 % зиёдтар мебошад.
Чуноне ки ба мухбири мо дар маркази матбуоти ҶСК “ФБД” хабар дод, миқдори рейсҳои хизматрасонидашуда: рейсҳои доимӣ – 2501 адад, рейсҳои чартерии ғайринақдӣ – 153 адад, рейсҳои чартерии нақд – 14 адад. Сабаби асосии кам шудани миқдори рейсҳои доим қатъ шудани 4 рейси ширкати ҳавопаймоии «Уралские авиалинии» ва 3 рейси XСК «Сомон Эйр» дар моҳҳои апрел-майи соли ҷорӣ мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ оид ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо 428 эрод ворид шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта – 46 эрод ё 9,7 % зиёдтар мебошад, аз онҳо 421 эрод қонеъ гардонида шуданд ва 7 эрод дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд.
Теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошташавии парвозҳо дар давраи ҳисоботӣ 715 ададро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта – 291 парвоз ё 68,6% зиёдтар мебошад. Сабабҳои асосии ба таъхир гузошта шудани парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Душанбе чунинанд: дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз – 462 ҳодиса, дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, баrайдгирии иловагӣ ва супориши намоянда, тағйирёбии парвозҳо ва ғайра) – 160 ҳодиса, номусоидии обу ҳаво – 54 ҳодиса, ҷорӣ будани реҷа – 15 ҳодиса ва ғайра.
СССР