Имрӯз дар Сарраёсати агентии омори назди Президенти ҶТ, дар вилояти Хатлон нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи хабарнигорон доир гашт. Давлатзода Зарина-сардори Сарраёсат қайд намуд, ки шумораи аҳолӣи вилоят ба 3.124.300 расидааст, ки нисбати соли 2016 76700 зиёд аст. Аз ин шумора 1 574 600 мард, 1 549 700 занҳо ва мардҳои қобили меҳнат аз 15 то 62-сола, занҳо аз 15 то 58-сола 1 855 800 нафарро ташкил медиҳад.
Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон
Сиҷоуддин Саломзода, раиси ш.Турсунзода ният дорад дар маркази шаҳр, ки онҷо муҷассамаи шоир Мирзор Турсунзода қомат афрохтааст, боғи муосири фарҳангиву фароғатии ҳамноми шоирро бунёд намояд. Ин нуктаро ӯ рӯзи 12.07.2017 зимни нишасти матбуотӣ вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди ичтимоию иқтисодии шаҳр дар нимсолаи 1-ум зикр намуд.
Бино ба иттиллои Сиҷоуддин Саломзода, мутобиқи Нақшаи генералии ш.Турсунзода, ки ояндаи наздик амалӣ меёбад, бозори марказии шаҳр барканор шуда дар ҷойи он боғӣ замонавӣ ва 1 қатор иншоотҳои дигари маишиву хизматрасонӣ барои сокинони Турсунзода бунёд хоҳанд гашт. Дар баробари бозори марказӣ, инчунин, теминали ғайриқонунии мусофиркашоние, ки имрӯз майдони назди муҷассамаи Мирзо Турсунзодаро ғасб кардааст, аз байн хоҳад рафт.
СССР
Сокинони кӯчаи Баққолии ш.Панҷакент мегӯянд, як нафар бо истифода аз номи раиси шаҳр роҳашонро вайрон кардааст. Ба гуфтаи сокинони ин кӯча, ки дар маҳаллаи Вашанӣ мебошад, нафаре бо номи Акбар Авезов бо баҳонаи роҳ кардан ба замини кишоварзиаш қубури роҳи мошингузарро канда ба сойе гузошта, ба худ роҳ кардааст. Чандин рӯз мешавад, ки роҳ кандаву имконияти гузаштан ҷой надорад. Ба гуфтаи сокинони ин кӯча гузоштани қубур ба сой хатарнок буда, дар сурати омадани сел он метавонад монеъи гузаштани сел гардад, зеро ин сойи селпарто буда, хатари рух додани офати табиӣ ҳар лаҳза ҷой дорад.
-Болои сойро калон карданд, лекин имрӯз дар охири он Акбар қубур монда ба худаш роҳ кардааст, пас ин сойтозакунӣ ба киву чӣ лозим, танҳо барои Акбар?- мегӯянд сокинон.
Раиси маҳаллаи Вашнӣ Шаҳобиддин Ҷалолов мегӯяд, дар ин бора ба ҳукумати ш.Панҷакент мактуб навишта масъулинро аз ин амали шаҳрванд Авезов огоҳ кардааст. Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир омадани сел дар водии Зарафшон тез-тез рух дода истодааст. Ба иттилоъи истиқоматкунандагони кӯчаи Баққолӣ, ҳамчунин роҳи мошингузари дигари ҳамин кӯчаро Авезов бо шинонидани оҳан дар байни роҳ бастааст. Сабаб: бояд мошин аз назди дарвозаи ӯ нагузарад.
-Мо медонем, ки раиси шаҳр дӯсти Акбар аст, вале бояд манфиатҳои як нафар бояд қурбони дигарон нагардад - мегӯянд сокинони кӯчаи Баққолӣ.
Ҳукумати Фаронса тасмим гирифтааст дар ш.Душанбе Институти модару кӯдакро бунёд намояд. Дар ин бора чанде пеш зимни мулоқоти хеш бо рустами Эмомалӣ-раиси ш.Душанбе хонум Ясмин Гуедар, сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон иброз доштааст.
Рустами Эмомалӣ ва Ясмин Гуедар дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷумҳурии Фаронса мавриди музокирот қарор доданд.
СССР
Аз 6 то 10-уми июли соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо ҳарорат ба 43-45 дараҷа хоҳад расид.
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шуда аст. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят 28-33 дараҷа ва дар шарқи он 12-17 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон дар водиҳо 38-43 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда буда, боридани борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво 37-42 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок гардида, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо ба 36-41 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, 39 — 41 дараҷа гарм мешавад.
Дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қурғонтеппа 1 сол пеш меҳмонхонаи «Сайри Орзу» кушода шуда буд ба коми оташ рафтааст.
Имрӯз соати 11:40 дақиқа меҳмонхонаи маъруфи «Сайри Орзу» , ба коми оташ гирифтор шуд.Ин меҳмонхонаи маъруфи «Сайри Орзу» шахси буда ба собиқ сардори Шабакаҳои барқи ҷануб Убайдуллоев Сафаралӣ таълуқ дорад.Сӯхторӣ ин меҳмонхона муддати 1 соати давом кард,Хушбахтонаи ин меҳмонхона,ки Раёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ аз назди ин меҳмонхонаи мазкур1 км ҷойгир аст,ки дар муддати кӯтоҳ алангаи оташро хомуш карданд.Сабаби сӯхтор ҳанӯз эълон нашудааст.
Сабаби сӯхторро мо пайгири мекунем.
Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар