ХАБАРИ ДОҒ


Сокинони кӯчаи Баққолии ш.Панҷакент мегӯянд, як нафар бо истифода аз номи раиси шаҳр роҳашонро вайрон кардааст. Ба гуфтаи сокинони ин кӯча, ки дар маҳаллаи Вашанӣ мебошад, нафаре бо номи Акбар Авезов бо баҳонаи роҳ кардан ба замини кишоварзиаш қубури роҳи мошингузарро канда ба сойе гузошта, ба худ роҳ кардааст. Чандин рӯз мешавад, ки роҳ кандаву имконияти гузаштан ҷой надорад. Ба гуфтаи сокинони ин кӯча гузоштани қубур ба сой хатарнок буда, дар сурати омадани сел он метавонад монеъи гузаштани сел гардад, зеро ин сойи селпарто буда, хатари рух додани офати табиӣ ҳар лаҳза ҷой дорад.
-Болои сойро калон карданд, лекин имрӯз дар охири он Акбар қубур монда ба худаш роҳ кардааст, пас ин сойтозакунӣ ба киву чӣ лозим, танҳо барои Акбар?- мегӯянд сокинон.
Раиси маҳаллаи Вашнӣ Шаҳобиддин Ҷалолов мегӯяд, дар ин бора ба ҳукумати ш.Панҷакент мактуб навишта масъулинро аз ин амали шаҳрванд Авезов огоҳ кардааст. Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир омадани сел дар водии Зарафшон тез-тез рух дода истодааст. Ба иттилоъи истиқоматкунандагони кӯчаи Баққолӣ, ҳамчунин роҳи мошингузари дигари ҳамин кӯчаро Авезов бо шинонидани оҳан дар байни роҳ бастааст. Сабаб: бояд мошин аз назди дарвозаи ӯ нагузарад.
-Мо медонем, ки раиси шаҳр дӯсти Акбар аст, вале бояд манфиатҳои як нафар бояд қурбони дигарон нагардад - мегӯянд сокинони кӯчаи Баққолӣ.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter