ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июл 05 2017


Дар арафаи 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе дар робита ба иқдоми пешгирифтаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бобати вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар пойтахт ду майдончаи варзиширо ҳамчун армуғони идона ба Ҷашни Ваҳдат ба сокинони пойтахти кишвар сохта тақдим намуд.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти фурудгоҳ хабар доданд, майдончаҳои варзишӣ яке дар кӯчаи Аҳмади Дониш бо масоҳати 1090 метри мураббаъ ва дигаре дар кӯчаи Ҳисор, маҳаллаи 103 бо масоҳати 2800 метри мураббаъ аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии «Тоҷикроҳсоз» ва «Сомонаморат» бунёд карда шудаанд. Майдончаҳои варзиширо рӯзи 24 июни соли 2017 муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ва муовини директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Аслиддин Меликов дар маросии ботантана ба истифода доданд.
Роҳбарияти фурудгоҳ тасмим дорад, ки боз чунин як адад майдончаи варзиширо дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Ҳисор, маҳаллаи 112 дар масоҳати 1620 метри мураббаъ сохта ба истифода диҳад. Алҳол корҳои сохтмонӣ ҷиҳати бунёди майдончаи варзишӣ оғоз гардидааст.

СССР


Сешанбе, Июл 04 2017


Раёсати бозрасии автомобили ВКД ҶТ ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки баҳри таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ зимни гузаронидани чорабиниҳои лоиҳаи «CASA-1000» санаи 6 июли соли 2017, аз соати 06:00 то 18:00 ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок аз маҳаллаи «Варзоб ГЭС»-и шаҳри Душанбе то мавзеи «Такфон»-и ноҳияи Айнӣ маҳдуд карда мешавад.
РБДА аз ронандагон ва шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар ин рӯз аз сафар дар ин самт худдорӣ намоянд.

СССР

Душанбе, Июл 03 2017


Рустами Эмомалӣ зарардидагони сӯхтор дар бозори «Корвон»-ро, ки шоми 2.07.2017 ба вуқӯъ пайваст, ба мӯҳлати 2 сол аз пардохти маблағи барои иҷора ва дигар пардохтҳои якдафъаина озод намуд. Инчунин, ӯ дастур дод, ки нуқтаҳои савдо ва мағозаҳои сӯхташуда дар муддати 30 рӯзи оянда барқарор гашта мардум бояд ба ҷойҳои хеш баргарданд. Дар ин бора ба мухбири СССР 1 манбаи мӯътамад дар Ҳукумати ш.Душанбе иттиллоъ дод.
Бояд қайд намоем, ки шоми 2.07.2017 дар қисмати дарвозаҳои 6 ва 7-уми бозори «Корвон», ки калонтарин бозори пойтахт маҳсуб мешавад, сӯхтор ба амал омад. Субҳи имрӯз бошад раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамаи зарардидагони ин офатро ба худ қабул карда бо онҳо мулоқот кардааст.

СССР


Панҷшанбе, Июн 29 2017


Санаи 26-уми июни баъди боришоти зиёди борон дар деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакент сел омад.
Сокинони ин деҳа мегӯянд, ҳодиса дар рӯзи иди Фитр тахминан соатҳои 17 рух додааст.
Сел қуму санги зиёдеро ба хонаҳо ва ҳотаҳои мардум дароварда зарари зиёд бар ҷой гузоштааст.
- Баландии лойоба дар баъзе ҷойҳо 2-2,5 меттро ташкил медиҳад, мегӯянд сокинони ин деҳа.
Тибқитмаълумотҳо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ҳамин ҳол ягон нафар аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо баҳонаи бе иҷозати роҳбарият интервю намедиҳем, ҳозир набуданд, ки ба саволҳои мо посух гӯянд.
Муҳаммадсодир Сафаров, муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент гуфт, ҳоло корҳои бартарафкуни идома дорад ва мо аллакай ба мардум зарардида, ки ҳудуди 70 нафарро ташкил медиҳанд, маводи хӯрока аз қабили орд, равған, биринҷ ва шакар тақсим намудем.


Хуршед Фозилов

Панҷшанбе, Июн 22 2017


Камол Нуралиев-қудои Президенти ҶТ, падари Ҷамолиддин Нуралиев-шавҳари Озода Раҳмон-раиси дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, бар асари 1 садамаи фалокатбор, дар мавзеъи кӯҳманзари Нораки вил.Хатлон фавтид.
ХАБАРИ МАЗКУРРО ДАР БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН НИЗ ТАСДИҚ КАРДА ГУФТАНД, КИ ҶАНОЗАИ МАРҲУМ ДАР Н. ДАНҒАРА БАРГУЗОР МЕГАРДАД...БА ИТТИЛОИ МАНБАЪҲОИ РАСМӢ КАМОЛ НУРАЛИЕВ ДАР КИРОКАШ-ТАКСИИ ТАМҒАИ «ОПЕЛ» аз ҷониби Данғара суи пойтахт меомад, КИ БО САБАБҲОИ ТО ҲОЛ НОМАЪЛУМ ИН МОШИН БА КАМАЗЕ БАРХУРДААСТ. БАР АСАРИ ИН САДАМА НУРАЛИЕВ САХТ ҶАРОҲАТ БАРДОШТАВУ ФАВТИДААСТ.
Худобиомурз, Камол Нуралиев солҳои тӯлонӣ ба ҳайси муовин ва сипас муовини аввали Вазири хоҷагии об ва обёрии ҶТ кору фаолият кардааст. Аз аввали соли 2009 дар нафақа ва машғули илм буд. Марҳум моҳи майи соли 2015 ба ҳайси Академики Академияи байналхалқии Инженерии Федератсияи Русия дар самти “хоҷагии об ва гидротехника” пазируфта шуд.
Қабл аз ин дар н. Данғара фаолияти давлатӣ ва расмӣ дошт. Мардуми ноҳия ҳамеша ӯро бо некӣ ёд мекарданд. Ба иттилоъи Бобои эшони Мизроб, сокини ҳамин ноҳия, дар тӯли умр, чӣ замоне, ки муовини вазир буду чӣ ҳангоме, ки қудои президент шуд, дар рафтору кирдораш 1 зарра тағйирот ҳамсояҳо надидаанд: ҳамеша хоксор, ҳалим, одамдӯст ва Инсон бо ҳарфи Бузург боқӣ монд...
Худо дар ин шабу рӯзи Раҳоӣ аз Оташи Дӯзах, марҳумро ғариқаи раҳмат ва шоистаи ҷаннат кунад. Омин ё рабулъоламин!
Бо истифода аз фурсат, газетаи мардумии СССР таъзияи ҳудро ба хонаводаи Ҷамолиддин Нуралиеву Озода Раҳмон мерасонад.

Сешанбе, Июн 20 2017


Ниёзов Муфтоҳиддин-сокини деҳаи Ёвони ноҳияи Айнӣ мегӯяд, аз ҷониби менеҷери роҳи Айнӣ-Панҷакент Анзур Раҷабов мавриди латукӯб қарор гирифтааст. Ҳодисаро ҷабрдида чунин қисса намуд:
- Санаи 14-уми июн ҳангоме аз Панҷакент ба н.Айнӣ мерафтам, кормандони роҳсозиро дар назди деҳаамон дидам. Он ҷо менеҷери роҳ Анзур Раҷабов, муовини директории маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо Бег Қодиров ва дигарон ҳудуди 10 нафар қарор доштанд. Ман масъалаи девори муҳофизатиро пурсон шудам, ки ҳанӯз соли гузашта баъди вайрон кардани заминам сохтани онро кормандони ин ширкат ваъда карда буданд. Қодиров ба ман суханони қабеҳ зад, ки ту чи ҳақ дорӣ бо ман гап мезанӣ ва наздам меоӣ? Гуфтам, шаҳрвандам ва муроҷиат дорам. Бо ҳамин асабӣ шуда маро заданӣ шуд. Аммо як корманди хитоӣ ба ӯ монеъгӣ кард. Вале дар ҳамин ҳол Анзур аз он тарафи роҳ маро дашномҳои қабеҳ дода, ғазаболуд сӯям омад ва бо мушту лағад дар чанд ҷоям зад. Дар натиҷа зону ва панҷаҳои поям абгору захмӣ шуд. Ҷои ҳалли қазия ин муштзӯрони соҳибмансаб маро латукӯб намуданду рафтанд. Воқеъан аз фаъолияти менеҷери роҳи Айнӣ-Панҷакент, Анзур Раҷабов борҳо шикоят шудаву мо онро ба нашр расонда будем. Аммо касе то ин замон пишаки ӯро пишт нагуфт!


Хуршед Фозилов

саҳ 111 аз 156

Китобҳо

Flag Counter