ХАБАРИ ДОҒ


Ниёзов Муфтоҳиддин-сокини деҳаи Ёвони ноҳияи Айнӣ мегӯяд, аз ҷониби менеҷери роҳи Айнӣ-Панҷакент Анзур Раҷабов мавриди латукӯб қарор гирифтааст. Ҳодисаро ҷабрдида чунин қисса намуд:
- Санаи 14-уми июн ҳангоме аз Панҷакент ба н.Айнӣ мерафтам, кормандони роҳсозиро дар назди деҳаамон дидам. Он ҷо менеҷери роҳ Анзур Раҷабов, муовини директории маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо Бег Қодиров ва дигарон ҳудуди 10 нафар қарор доштанд. Ман масъалаи девори муҳофизатиро пурсон шудам, ки ҳанӯз соли гузашта баъди вайрон кардани заминам сохтани онро кормандони ин ширкат ваъда карда буданд. Қодиров ба ман суханони қабеҳ зад, ки ту чи ҳақ дорӣ бо ман гап мезанӣ ва наздам меоӣ? Гуфтам, шаҳрвандам ва муроҷиат дорам. Бо ҳамин асабӣ шуда маро заданӣ шуд. Аммо як корманди хитоӣ ба ӯ монеъгӣ кард. Вале дар ҳамин ҳол Анзур аз он тарафи роҳ маро дашномҳои қабеҳ дода, ғазаболуд сӯям омад ва бо мушту лағад дар чанд ҷоям зад. Дар натиҷа зону ва панҷаҳои поям абгору захмӣ шуд. Ҷои ҳалли қазия ин муштзӯрони соҳибмансаб маро латукӯб намуданду рафтанд. Воқеъан аз фаъолияти менеҷери роҳи Айнӣ-Панҷакент, Анзур Раҷабов борҳо шикоят шудаву мо онро ба нашр расонда будем. Аммо касе то ин замон пишаки ӯро пишт нагуфт!


Хуршед Фозилов

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter