Масъулини соҳаи нақлиёти ҷамъиятии пойтахт дар якҷоягӣ бо идораву сохторҳои дахлдор фаъолияти 7 ҷамъияти нақлиётии ш.Душанберо қатъ намуданд.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» иттиллоъ доданд, ин ширкатҳо сари вақт ва дар муддати лозима камбудиҳои хешро ислоҳ карда натавонистанд. Корхонаҳои басташуда инҳо мебошанд: ҶДММ «Лесинвест»-хатсайри №13, ҶДММ «Лоҷвард»-хатсайри №38, ҶДММ «Нури истиқлол»-хатсайри №11, ҶДММ «Шоҳроҳи абрешим»-хатсайри №26, «АВтотранс»-хатсайрҳои №№5 ва 35, ҶДММ «Маҳин»-хатсайри №16 ва ҶДММ «Шоҳроҳи Бадахшон»-хатсайри №1 мебошанд.
Дар баробари ин дар бархе хатсайрҳо роҳбарият иваз карда шуда қисмате аз хатсайрҳо ба ҷамъиятҳои дигари нақлиётӣ шомил гаштанд.
СССР
Беш аз 106 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷик, ки бо сабаби вайрон намудани қоидаҳои буду боши кишвари Россия аз тарафи мақомоти қудратии ин мамлакат ба мӯҳлати то 3 сол воридшавиашон манъ карда шуда буд, дуобра иҷозати вурудро ба Россия ба даст оварданд. Айни замон теъдоди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия муваққатан манъ гардидааст, зиёда аз 151 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Чуноне ки хабар дода мешавад, тартиби мазкур нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи моддаи 26 банди 2 Қонуни Федератсияи Россия «Оид ба тартиби воридшавӣ ба Федератсияи Россия ва хориҷшавӣ аз Федератсияи Россия» ва моддаи 27 ва 18.8 -и қонуни мазкур бо қарорҳои судӣ аз қаламрави Федератсияи Россия берун ва депортатсия шудаанд ва ба категорияи авф дохил намешаванд, татбиқ намегардад. Вале дар муҳлати муайян онҳо низ аз руйхати хориҷшудагон бароварда мешаванд.
Ҳамчунин, 12 ҳазору 262 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо сабаби бо роҳҳои ғайриқонунӣ гирифтани патент ва дигар ҳуҷҷатҳои қалбакӣ бо қарорҳои суди Россия ба муҳлати 10 сол депортатсия карда шудаанд. Инчунин воридшавӣ ба Россия барои 4 ҳазору 977 нафар шаҳрвандони мо, ки дар вақти будубош дар ин кишвар ҳангоми ташхиси духтурон дар онҳо бемориҳои сироятӣ, сил, ВИЧ/СПИД ва дигар касалиҳои сирояткунада муайян карда шудааст, ба муҳлати якумра манъ карда шудааст.
СССР
Ҳукумати кишвар бо 2 қарори худ соҳаи туризми мамлакатро аз тобеияти Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷудо намуда барои равнақи минбаъдаи ин соҳа Кумитаи рушди сайёҳиро таъсис дод. Қарори вежа дар бораи таъсисёбии кумитаи нав 27.06.2017 ба тасвиб расида буд. Бино ба иттиллои ба даст расида, штати кории Кумитаи рушди сайёҳӣ аз 32 нафар иборат буда фаъолияти он аз ҳисоби маблағҳои буҷа дар мувофиқа бо вазорати молияи ҷумҳурӣ амалӣ хоҳад ёфт. Инчунин, ба раиси кумитаи имкон дода шудааст, ки ба худ 2 муовин интихоб намояд, аз он ҷумла 1 нафар муовини аввалро. Барои истифодаи хизматӣ бошад ба кумитаи нав 4 адад автомашина ҷудо карда шудааст. Дар муддати 2 моҳи оянда, кумитаи рушди сайёҳӣ тамоми ҳуҷатгузорӣ ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии фаъолияти хешро аз сари нав дида баромада бояд барои илова намудани тағийротҳо пешниҳодҳои мушаххас ирсол намояд. Ҳамчунин, кумита муваззаф аст, ки дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳири Тоҷикистон низ намояндагиҳои худро боз карда ба кори воқеӣ шурӯъ намояд. Ҳанӯз маълум нест, ки кӣ раиси ин кумитаи нав интихоб хоҳад шуд, аммо ҳолдонҳо ҳадс мезананд, ки ба курсии раисии ниҳоди нав шояд Сомони Эмомалӣ, писари хурдии президенти кишвар низ бишинад.
СССР
Ба хотири рӯзгузаронӣ сиркачҳои Тоҷикро ҳоло дар Миср маҷбур месозанд, ки дар театрҳои мюзикл ва шапито нимурён баромад намоянд...
Дар ҳоле, ки аз вайроншавии кӯпрупи мавзеи "Сои Зебон" беш аз 1 сол гузаштааст, кӯпруки дигар дар ҳамин маҳалла дар ҳоли садамавӣ қарор гирифтааст. Соли гузашта сел пули мошингузари кӯчаи Борбадро, ки мавқеи дуввумдараҷа дорад тахриб намуда буд. Аммо бо гузашти 1 сол то ба ҳол ин пул бақарор карда нашудаасту равуои нақлиёт аз ин мавзеъ бо мушкилиҳо сурат мегирад. Сокинони ин маҳҳала мегӯянд агар кӯпруки дигаре, ки дар кӯчаи Борбад болои канали Тӯхсан - корез қарор дораду фурӯ равад, боз барои чанд моҳҳои дигар хатсайри маршруткаҳоро дигар хоҳад карду мушкилоти мардумро зиёд.
Хуршед Фозилов
Рӯзи 08.06.2017, дар синни 73-солагӣ, баъди бемории дурударози 8-сола, қалби Шариф Комилов аз таппидан бозмонд...
Комилов Шариф Комилович 6 июни соли 1943 таваллуд шудааст. Ӯ сар аз вазиши насими бозсозии Горбачев дар РСС Тоҷикистон аз нахустинҳо шуда, Партияи Демократиро таъсис дода, садри ин ҳизб дар вилояти Кӯлоб таъин гардид. Дар ҳамон солҳои ба масал «перестройка» ба тариқи алтернативӣ раиси к/зи Кирови н. Восеъ интихоб шуд ва ба колхозчиён озодии мутлақ дод. Ин барои нахустин бор дар маҳдудаи 6\1-и замин, яъне давлати паҳнои СССР буд, ки колхозчӣ ҳуқуқи мутлақи озодӣ пайдо карда, метавонист, бе мамониат аз колхоз бадар шавад ва ё дар колхоз ба тариқи шартномавӣ ва бо маоши калон кор кунад. Фаромӯш накардаем, ки «прописка» ё худ номнависии шаҳру қишлоқ деҳқононро дар тамомии шӯравӣ пойбасти кори колхоз менамуду аз к\з ихтиёран баромада рафтан хеле мушкил буд. Дар колхоз бошад, деҳқон пахтаву тамоку парвариш мекарду имкону илоҷи кори фермерӣ ва озодии интихоби обчакориро усулан надошт. Пасттарин маошро колхозчӣ мегирифт.
Шариф Комилов ин ҳамаро рафъ кард. Ҳар деҳқон акнун ҳуқуқи комил дошт, ки худаш таъйин кунад, ки чӣ мекораду чӣ мепарварад. Ва аҷабо, ин озодии демократи №1, дар вилояти Кӯлоб самар овард. К\зи миёнаҳол ва пасмонда ба яке аз хоҷагиҳои пешқадами республика табдил ёфт.
Гови қурбонӣ барои Нурӣ
Зиёд дар бораи ин фаолияташ наменависам. Бо ин иктифо менамоям, ки баъди имзои Протколи Сулҳ ва тақсими вазифаҳои ба масал «30-фоиза», ки ҷониби оппозитсия ба Комилови сахтсухану ростгӯ 1 курсӣ наёфт, колхозчиёни к\зи Киров ба назди ин ҷониб омада, дар редаксия гуфта буданд:
-Агар Комиловро дубора раиси колхози мо таъин кунанд, омодаем, дар пеши пои Нурӣ гов кушем!
Инро мардуме мегуфт, ки аз гуруснагӣ азият дошту нони хӯрдан на, гову молро бошад он шабу рӯз дар хоб медид. Вале онҳо омода буданд, ҳамакаса ҷамъ шуда, пул партофта, гов харанду пеши пои Сайид Абдуллои Нурӣ забҳ кунанд, то раиси дӯстдорашонро, ки ҷанги гражданӣ аз ватан берун андохта буд, дубора дар симмати раёсати колхозашон гузорад... Зеро ӯ умеди ҳазорон-ҳазор нафар боқӣ монда буд...
Бухарин, яъне ростгӯ
Шариф Комиловро дар Тоҷикистон бо тахаллуси «Бухарин» мешинохтанд. Худаш ҳам ин номро дӯст медошт. Зеро мисли Бухарин ростгӯ, ростқавл ва якрав буд. Ҳаргиз пеши касе сар хам намекарду хатои ҳамаро дар рӯяш мегуфт. Ин аст, ки на дар суфуфи оппозитсия, на дар ҳизб ва на дар ҳукумат нағзаш намедиданд. Бо ин ҳама Шарафмандона зист, 2 гулдухтари зебо ва фарҳангие ба мерос монд.
Усулан марди аҷиб ва ғайритасаввур буд. Ҳатто пиндораш ба хости аксарият муғаййир меафтид. Ёдам ҳаст, рӯзе аз дасти Наргиси наврас гирифта, ба идораи корам, ба Ҷавонони Тоҷикистон омаду гуфт:
-Наргис шашмақом меомӯзад ва тасмим дорам ӯро мақомсаро кунам!
Ва аз нигоҳи маънодорам рамуз гирифта афзуд:
-Оре, бигзор донанд, ки кӯлобиҳо низ мақомсаро доранд...
Наргис ва Дилором Комиловаҳо 2 гулдухтари нозанин ва ширинкалом, ки доди суханро додаву аз журналистон ва наттоқони маъруфи давранд, самараи умри Шариф Комилови «ҷӯраи ман»-анд...
Рӯҳат шод ва хонаи ахиратат обод бод, дӯст, бародар, ҷавонмард ва Инсони вораста... Биҳиштӣ, ки будӣ, дар даҳаи Бахшиши Гуноҳон ва дар моҳи хосаи Худо рахти сафар бастӣ!
Сайёфи Мизроб
Ҳамфикр ва ҷӯраат
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар