ХАБАРИ ДОҒ

Афви 106 000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон

  • Душанбе, Июн 12 2017


Беш аз 106 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷик, ки бо сабаби вайрон намудани қоидаҳои буду боши кишвари Россия аз тарафи мақомоти қудратии ин мамлакат ба мӯҳлати то 3 сол воридшавиашон манъ карда шуда буд, дуобра иҷозати вурудро ба Россия ба даст оварданд. Айни замон теъдоди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия муваққатан манъ гардидааст, зиёда аз 151 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Чуноне ки хабар дода мешавад, тартиби мазкур нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи моддаи 26 банди 2 Қонуни Федератсияи Россия «Оид ба тартиби воридшавӣ ба Федератсияи Россия ва хориҷшавӣ аз Федератсияи Россия» ва  моддаи 27 ва  18.8 -и қонуни мазкур бо қарорҳои судӣ аз қаламрави Федератсияи Россия берун ва депортатсия шудаанд ва  ба категорияи авф дохил намешаванд, татбиқ намегардад.  Вале дар муҳлати муайян онҳо низ аз руйхати  хориҷшудагон бароварда мешаванд.
Ҳамчунин, 12 ҳазору 262 нафар шаҳрвандони  Тоҷикистон бо сабаби бо роҳҳои ғайриқонунӣ гирифтани патент ва дигар ҳуҷҷатҳои қалбакӣ бо  қарорҳои суди Россия ба муҳлати 10 сол депортатсия карда шудаанд. Инчунин  воридшавӣ ба Россия барои  4 ҳазору 977 нафар шаҳрвандони мо, ки  дар вақти будубош дар ин кишвар   ҳангоми ташхиси духтурон дар онҳо  бемориҳои сироятӣ, сил, ВИЧ/СПИД ва дигар касалиҳои сирояткунада   муайян карда шудааст,  ба муҳлати  якумра манъ карда шудааст.

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter