ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Июн 02 2017


Сокинони деҳоти Хумдон дар ҷамоати деҳоти Қизил Қалъаи ноҳияи Хуросон аз дуди сиёҳи хонаҳояшон шикоят мекунад. Ин дуди сиёҳ, ба тибқи дурбини хабарнигори СССР, аз чанд танӯри оҳакпазӣ ба фалак бархеста, минтақаро пахш мекунад. Инак, бори 2-ум аст, ки сокинони ин деҳаи ба СССР аз ин мушкил муроҷиат мекунанд. Ба қавли сокинони атроф, ҳар сол афроди алоҳидаи оҳакпаз дар баҳору тобистон дар танӯрҳои оҳакпазӣ балону резин, мазут ва зарфҳои пластикиро партофта, зери тафси он оҳак мепазанд ва аслан парвое надоранд, ки ин дуди сиёҳ куҷо меравад ва киро мекушад. Мо зидди саноат нестем, аммо сиҳатии ҷамъиятро бояд ба назар гирифт, охир! 1 сол қабл СССР ба ҳамин мазмун матлаберо зери унвони «Бо дуди оҳак мардумро куштаниянд?» чоп кард. Дар пайи ин масъулини ҳукумати ноҳияи Хуросон дар вокуниши худ навиштанд, ки «Мо дуди оҳакро санҷидем ва супориш додем, ки безарар кунанд!». Охир, чи гуна санҷидаанд, ки оҳакпазҳои Хумдон имрӯз даҳҳо карат бештар танӯр гузоштаву ҳама ҷоро сиёҳ кардаанд?

ВАО мегӯяду корвон меравад?
Ғаниев Маҳмадзариф-нафақахӯр аз ҳамин деҳа дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки соле қабл аз телеканалҳои ТВТ дар ин хусус гузориши махсус карда буданд, лек ягон натиҷа нашуд. «Ман 40 сол пеш ба ин деҳа кӯчида омада будам. Он замон 1-2 танӯри оҳакпазӣ буду он ҳам бо коҳ ва ҳезум санги оҳакро тайёр мекарданд ва ягон зарра дуд надошт. Ва касе ҳам аз кори онҳо эътироз намекард. Имрӯз оҳакпазҳо тибқи масали «гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» ҳар чизе ёфтанд ба танӯрашон мепартоянд. Имрӯз ману ҳамсояҳоям ба амрози қанду қалбу фишори хун… мубталоем ва тибқи гуфтаи табибон асоси ин ҳама бемориҳо дуди сиёҳи оҳак аст. Мехоҳем, ки ба бемористонҳои пойтахт равему табобат гирем, аммо шароити молӣ надорем…».
Даҳшати ин мушкили сунъӣ дар Хумдон то ҳаддест, ки сокинон саҳар аз хоб мехезанд, биниву лабонашон аз дуди оҳак сип-сиёҳ шудаанд. Ба гуфти бобои Маҳмадзариф, соли гузашта 1 сокини деҳа роҷеъ ба ин мушкил бо хабарнигоре мусоҳиба дод, аммо ӯро баъди ин сӯҳбат ончунон фишор доданд, ки дигар намедонад ба куҷо гурезад…
«Мо сокинон аз ҳукумати маҳаллӣ, аз масъулини дахлдори вилоят хоҳиш дорем, ки танӯрҳоро ба ягон дара ва дуртар аз нуқтаҳои аҳолинишин бикӯчонанд. Мо-пиронсолон аз ин дунёи гузарон чизеро дидему зиндагӣ кардем, лекин фикри ҷавонон ва наврасонро бояд кард», мегӯяд ин пири рӯзгордида.

Масъул: Аз дуди оҳак ким мурдаст?
1 сокини дигари ин деҳа дар сӯҳбат гуфт, ки дар ин ҷамоат ҳоло 4 ширкат ба оҳакпазӣ машғул буда, ҳар яке то 2-3 танӯр дорад ва сокини атрофи Хумдон аз субҳ то шом дуди сиёҳро нафас мекашанд. Роҳбари 4 хумдон дар ин наздикӣ хона надоранд ва бепарвоянд, ки дуди сиёҳи оҳак киро мекушад? Даҳшатовараш ин аст, ки дар наздикии дарё барои наврасон осоишгоҳ-лагери «Соҳил»-ро таъсис додаанд ва атфоли мардум аз субҳ то шом фақат дуд нафас мекашанд. Шаб хоб рафта, саҳар мехезанд, бинияшон аз дуди оҳак маҳкам шудааст. Мақомоти ноҳия аз хумдонҳои сунъӣ 100% дарак доранд, аммо хомӯшанд. Ба гумонам, фоидаи оҳак ба онҳо низ мерасида бошад? Ба масал, «бой кабоб мехӯраду бечора дуди кабоб!»


Баҳодур Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон

Ҷумъа, Июн 02 2017


Рустами Эмомалӣ, раиси ш. Душанбе бо фармони вежаи худ 2 директори бозори коммуналии пойтахтро аз вазифа барканор кард.
Саймаҳмуд Мӯминов, директори КВД «Бозори Шоҳмансур» ва Зиёвиддин Наҷмиддинов, директори КВД «Бозори Деҳқон» бо хоҳиши худ аризаи аз кор рафтанро навишта ҳам бошанд, вале коршиносон мегӯянд, ки сабаби асосии барканории ин 2 нафар наандешидани чораҳои мушаххас дар самти пешгирии нарху навои маҳсулоти ниёзи аввалия, алалхусус картошка дар бозор будааст.
Аз 1.06.2017 сар карда роҳбарии КВД «Бозори Шоҳмансур» бар ӯҳдаи Нурулло Алиев ва КВД «Бозори Деҳқон» бар зиммаи Сунатулло Назаров вогузор шудааст.

СССР

Ҷумъа, Июн 02 2017


Бахшида ба "Рӯзи кӯдакон" дар ш.Панҷакент чанд озмунҳову барномаҳои шавқовар гузаронида шуд. Дар як ҳамоиш бахшида ба ин рӯз муовини раиси ш.Панҷакент ширкат ва тифлаконро табрик намуд. Пас аз озмунҳои расмкашӣ, шеъру таронахонӣ ва дигар барномаҳои ҷолибу нагоранг ба кӯдако тӯҳфаҳо тақдим шуд. Ҳамзамон чандин кӯдакони маъюб дар рӯзи идашон аёдат карда шуданд. Бино ба иттилои Ифтихор Шукуров, котиби коммиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ш.Панҷакент зиёда аз 111,2 ҳазор нафар кӯдакону наврасони то синни 18 сола умр ба сар мебурдаанд.


Хуршед Фозилов

Ҷумъа, Июн 02 2017


Мо пешорӯи ҷашни бузурги ҳамдилию ҳамбастагӣ 20 - умин солгарди Ваҳдати Миллӣ қарор дорем. Ҳамагон хуб ёд дорем ва самимона миннатдорем, ки дар истиқрори сулҳи Тоҷикон нақши дӯст ва бародари азизи Пешвои миллатамон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон шахсияти маъруфи дунё, сипаҳсолори мумтоз, Аҳмадшоҳи Масъуд басо бузург аст. Пешниҳод дорам аз шаҳрдори Душанбе - Рустами Эмомалӣ дархост шавад, ба хотири арҷгузорӣ ба муборизи роҳи озодӣ, намоди шуҷоату ҷавонмардӣ, улгӯи фарзонамардӣ, Тоҷики асилзода, қаҳрамони миллии Афғонистон - Аҳмадшоҳи Масъуд хиёбоне номгузорӣ гардад ва ҳамчун рамзи шуҷоату шарафмандию ватандӯстӣ ва ҷавонмардӣ муҷассамааш гузошта шавад. Фаразан кӯчаи Чапаев, муҷассамааш дар ҷойи нимпайкараи чекист - Дзержинский. Аз ҳамдилону ҳамфикрон хоҳишмандам, бо ишораи “лайк” пешниҳодро дастгирӣ намоед. Дар сурати 5 000 ҷонибдор ёфтан мо расман ба шаҳрдор муроҷиат мекунем.


Абдуқодири АБДУКАҲҲОР,
журналист

Панҷшанбе, Июн 01 2017


30.05.2017, соати 17:10-дақиқа дар натиҷаи вазидани шамоли сахт ноқилҳои симчӯбҳо оташ гирифта, дар қисме аз мағозаҳои бозорҳои ҶДММ «Фархор» ва ҶДММ «Дунё» воқеъ дар ноҳияи Фархор сӯхтор сар задааст.
Чуноне ки Умарҷони Эмомалӣ, сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ ба мухбири СССР иброз дошт, сабаби сар задани сӯхтор-ин расиши кӯтоҳ дар ноқилҳои хати барқӣ мебошад, ки тавассути бозори ҶДММ «Фархор» аз болои дӯконҳои савдо мегузашт ва дар натиҷаи вазидани шамоли сахт ба амал омадааст.
Ҳангоми сӯхтор ягон нафар ҷароҳати ҷисмонӣ набардошта, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Барои муайян кардани зарари расонидашуда аз сӯхтор комиссияи махсус аз ҳисоби мақомотҳои дахлдор таъсис гардида, тафтишот идома дорад. Дар бораи зарари расида аз ин сӯхтор ба зудӣ тафсилоти бештар нашр хоҳад шуд.


СССР


Чоршанбе, Май 31 2017


Чуноне ки сомонаи хабарии СМ-1-и ш. Хуҷанд иттиллоъ медиҳад, санаи 29.05.2017 зану шавҳар-сокинони маҳаллаи Чашмаи Арзанаи ш. Хуҷанд ба ҳангоми кофтани чуқурӣ барои ҳоҷатхонаи нав ба он афтода ҳалок мегарданд.
Марди 39 сола бо мақсади кофтани чуқурии ҳоҷатхонаи нав, ки наздиктар ба ҳоҷатхонаи кӯҳна буд зери замин мефарояд. Ногаҳон девораи чуқурии мабрази кӯҳна таркида наҷосати он ба чуқурии тақрибан 5 метраи нав кофта истода ҷорӣ мешавад. Барои наҷоти шавҳар ҳамсари 38 солааш шитофта ӯ низ ба чуқурӣ меафтад. Ҳарду бо овози баланд аз чуқурӣ барои наҷот фарёд кардаанд. Ҳамсояи 66 солаи онҳо барои наҷот шитофта ӯ низ ба чуқурӣ афтодааст. Ба кормандони ҳолатҳои фавқуллода муяссар шудааст танҳо ҳамсояро дар ҳолати беҳушӣ аз чуқурӣ бароранд.

СССР


саҳ 114 аз 156

Китобҳо

Flag Counter