ХАБАРИ ДОҒ

Бо дуди оҳак мардумро куштаниянд-2!

  • Ҷумъа, Июн 02 2017


Сокинони деҳоти Хумдон дар ҷамоати деҳоти Қизил Қалъаи ноҳияи Хуросон аз дуди сиёҳи хонаҳояшон шикоят мекунад. Ин дуди сиёҳ, ба тибқи дурбини хабарнигори СССР, аз чанд танӯри оҳакпазӣ ба фалак бархеста, минтақаро пахш мекунад. Инак, бори 2-ум аст, ки сокинони ин деҳаи ба СССР аз ин мушкил муроҷиат мекунанд. Ба қавли сокинони атроф, ҳар сол афроди алоҳидаи оҳакпаз дар баҳору тобистон дар танӯрҳои оҳакпазӣ балону резин, мазут ва зарфҳои пластикиро партофта, зери тафси он оҳак мепазанд ва аслан парвое надоранд, ки ин дуди сиёҳ куҷо меравад ва киро мекушад. Мо зидди саноат нестем, аммо сиҳатии ҷамъиятро бояд ба назар гирифт, охир! 1 сол қабл СССР ба ҳамин мазмун матлаберо зери унвони «Бо дуди оҳак мардумро куштаниянд?» чоп кард. Дар пайи ин масъулини ҳукумати ноҳияи Хуросон дар вокуниши худ навиштанд, ки «Мо дуди оҳакро санҷидем ва супориш додем, ки безарар кунанд!». Охир, чи гуна санҷидаанд, ки оҳакпазҳои Хумдон имрӯз даҳҳо карат бештар танӯр гузоштаву ҳама ҷоро сиёҳ кардаанд?

ВАО мегӯяду корвон меравад?
Ғаниев Маҳмадзариф-нафақахӯр аз ҳамин деҳа дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки соле қабл аз телеканалҳои ТВТ дар ин хусус гузориши махсус карда буданд, лек ягон натиҷа нашуд. «Ман 40 сол пеш ба ин деҳа кӯчида омада будам. Он замон 1-2 танӯри оҳакпазӣ буду он ҳам бо коҳ ва ҳезум санги оҳакро тайёр мекарданд ва ягон зарра дуд надошт. Ва касе ҳам аз кори онҳо эътироз намекард. Имрӯз оҳакпазҳо тибқи масали «гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» ҳар чизе ёфтанд ба танӯрашон мепартоянд. Имрӯз ману ҳамсояҳоям ба амрози қанду қалбу фишори хун… мубталоем ва тибқи гуфтаи табибон асоси ин ҳама бемориҳо дуди сиёҳи оҳак аст. Мехоҳем, ки ба бемористонҳои пойтахт равему табобат гирем, аммо шароити молӣ надорем…».
Даҳшати ин мушкили сунъӣ дар Хумдон то ҳаддест, ки сокинон саҳар аз хоб мехезанд, биниву лабонашон аз дуди оҳак сип-сиёҳ шудаанд. Ба гуфти бобои Маҳмадзариф, соли гузашта 1 сокини деҳа роҷеъ ба ин мушкил бо хабарнигоре мусоҳиба дод, аммо ӯро баъди ин сӯҳбат ончунон фишор доданд, ки дигар намедонад ба куҷо гурезад…
«Мо сокинон аз ҳукумати маҳаллӣ, аз масъулини дахлдори вилоят хоҳиш дорем, ки танӯрҳоро ба ягон дара ва дуртар аз нуқтаҳои аҳолинишин бикӯчонанд. Мо-пиронсолон аз ин дунёи гузарон чизеро дидему зиндагӣ кардем, лекин фикри ҷавонон ва наврасонро бояд кард», мегӯяд ин пири рӯзгордида.

Масъул: Аз дуди оҳак ким мурдаст?
1 сокини дигари ин деҳа дар сӯҳбат гуфт, ки дар ин ҷамоат ҳоло 4 ширкат ба оҳакпазӣ машғул буда, ҳар яке то 2-3 танӯр дорад ва сокини атрофи Хумдон аз субҳ то шом дуди сиёҳро нафас мекашанд. Роҳбари 4 хумдон дар ин наздикӣ хона надоранд ва бепарвоянд, ки дуди сиёҳи оҳак киро мекушад? Даҳшатовараш ин аст, ки дар наздикии дарё барои наврасон осоишгоҳ-лагери «Соҳил»-ро таъсис додаанд ва атфоли мардум аз субҳ то шом фақат дуд нафас мекашанд. Шаб хоб рафта, саҳар мехезанд, бинияшон аз дуди оҳак маҳкам шудааст. Мақомоти ноҳия аз хумдонҳои сунъӣ 100% дарак доранд, аммо хомӯшанд. Ба гумонам, фоидаи оҳак ба онҳо низ мерасида бошад? Ба масал, «бой кабоб мехӯраду бечора дуди кабоб!»


Баҳодур Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter