Рашкам аз пираҳан ояд, ки дар оғӯши ту хусбад,
Заҳрам аз ғолия ояд, ки бар андоми ту сояд.
Саъдӣ
Инсоният барои зистан офарида шуд, чун махлуқи бошуур. Масофаеро барои тай кардан вогузораш намуданд, ки ба истилоҳ «Шоҳроҳи зандагӣ» номида мешавад ва дар ин ҷода мафҳумҳое, ки танҳо ақл мешиносадаш, чун аломатҳои роҳ хизмат менамоянд. Яке аз онҳо ва олитаринаш мафҳуми «Муҳаббат» мебошад, ки ҳамаи ҳастии ҳаёти одамӣ дар он дарҷ гардида. Аммо ин «Шоҳроҳ» каҷу рост, пасту баланд, шебу фарозҳо дорад. Дар муқобили мафҳуми «Муҳаббат» зиндагии инсонро боз аломатест, ки «Рашк» ном мебаранд, ки чандон баҳои мусбӣ надорад.
Рашк-паразит
Рашк дар фарҳанги забони тоҷикӣ маънии манфӣ дошта, бо маънои ҳасад ва бартарии касеро дида натавонистан, омадааст. Дар эҷодиёти шоирону нависандагони чӣ классику чӣ муосир мафҳуми рашк васеъ истифода бурда мешавад. Аммо имрӯзиён рашкро шабеҳ ба дӯстдории аз ҳад зиёд нисбат медиҳанд, ки ин чандон саҳеҳ нест. Дар ин нисбатдиҳӣ иштибоҳоти зиёдест, ки яке аз онҳо ба ҷуз сӯхтан аз гумонҳои бад дигар ба кор наояд. Коршиносони масоили иҷтимоӣ арз медоранд, ки зиндагии бидуни рашк ширинтару гуворотар аст. Вале, ҳайҳот ин гуфтаҳо на ба гӯши ҳар кас расидагӣ дорад. Қиссаҳои воқеӣ зиёданд, ки анҷомашон аз пошхӯрии оилаҳо то ба фоҷеа расидааст. Амиқан медонам ҳаводисеро, ки ин лаҳза мехоҳам ба қалам диҳам то панде шаваду намунаи ибрат гардад.
Рашк-заҳри зиндагӣ
Ҷавон бо меҳру муҳаббати беандоза оила барпо менамояд. Он гунае завҷаашро дӯст медошт, ки барои изҳори ин самимият ба ҳама кор тайёр буд, ҳатто қодир буд, ки ҳар сухани гуфтаи ҳамсарашро бечуну чаро амалӣ намояд. Зан низ бо иффат буд ва аз меҳрубониҳои шавҳар муҳаббати ӯро эҳсос мекард. Аммо чӣ шуду ҷои ин дӯстдориҳо, рашк дар ҷомаи муҳаббат даромад. Акнун зиндагӣ роҳи ҳамвори худро гум кардаю чун оворагардон сар бар ҳар дару девор мезад. То он ҷое, ки кори ғайричашминтизор ба вуқуъ пайваст. Мешӯриданд ҷавонро ва хешовандони ҷавондухтар мегуфтанд: «Ин духтар лоиқи ту нест мо ӯро аз дасти ту мегирем». Ҷавонро аз ин хашм меомад. Месӯхту мепечид чун мӯи дар оташафтода. Рӯзе аз хашм ханҷар ба қалби ҳамсари меҳрубонаш зад. Ӯро аз пой афтонд. Худашро низ аз баландии сарозер бар замин афканд. Ба он хотир, ки дар ахират ҳарду якҷо бошанду дар ин дунё дасти дӯстдоштаашро касе нагирад. Ҳарду ҷон доданд. Рашк корашро кард.
Чун дар боло зикр намудем, ки рашк мансубияти манфии ҳаётист, пас қиссаи овардашуда далеле буд ақидаро. Шояд рашк дар хаёлоти инсонӣ ҳаргуна бошад, дар мисоли боло эҳтимол аст рашк низ мардона ва занона бошад. Аммо ҳаргунае ҳаст, мафкураи инсонро маҳдуд менамояду ақидаро тангтар месозад. Яъне, ин мафҳум чун «паразитон» ғизои худро аз дигар мафҳумҳои манфиатбахши равонии мо истеъмол карда, оҳиста-оҳиста онҳоро маҳв месозад. Махсусан, рашк бо боварӣ ва муҳаббат зиддияти хос дорад ва чун вабо ё ин ки вирус дар нахуст часпу талош ва доругир бо ин 2 мафҳум менамояд.
Қиссаи воқеии дигар боз ҳам атрофи барҳам хӯрдани 1 хонадони 2 ҷавони хушбахт аст. Ҷавон пайваста ба ҳамсараш бовар намекард. Субҳгоҳон сӯи коргоҳ мерафту дар ҳавлӣ зани ҷавон мемонду чанд навраси дигар. Бегоҳ аз кор бармегашт бо ҳаргуна хаёлҳои печ дар печ. Ахиран кор то ҷое расид, ки ҳама наздикони ҷавон дар муттаҳамсозии ҷавондухтар шуданд. Дигар товони ин ҳама буҳтонҳоро бардошт накарда, духтар хонадонро тарк кард ва умран доғу ҳасрати хонавайрониро бар дӯш гирифт. Инҷо рашк дар ниқоби нобоварӣ кори худро анҷом дод.
Рашк ва зан
То ин ҷо мо тимсоли бадкориҳои рашкро дар хислати мардон ба қалам додем. Дар ниҳоди занон рашк чӣ гуна бошад? Аслан, занон тоқатфарсоянд. Дар вуҷуди онҳо рашк ҳар гунае сар набароварда бошад ҳам, аммо тоқатфарсоии занон то он кирдорҳое, ки дар боло зикраш рафт, даст намедиҳанд. Занон дар чӣ рашк доранд, аз чӣ рашк мебаранд? Агар онҳо бонуи хонадоне бошанд, эҳтимол аст гумонашон ғолиб ояд, ки шавҳараш бо нафаре ӯро иваз менамояд. Ҳарчанд ин гумонбариҳо ба дурустӣ набошад ҳам, аммо рашк дар хислати занона ин гуна хилъат ба бар намудааст. Духтарон бошанд, бештар ҳасудхӯрӣ бар дугонаҳои худ дар пӯшидани либос, андохтани ороишот ва ҳатто ороиш додани мӯю рӯй мекунанд, ки ин ҳам аз нишонаҳои рашк аст.
Чун сухан дар боби оила ва оиладорӣ меравад, ногуфта намонад, ки хархашаҳои занон бо мардон дар мавриди рашки беҳуда метавонад костагиро дар хонадон ба бор орад. Вале ин рафтор наметавонад аз ҷониби зан ба хонавайронӣ оварда расонад. Зеро зан синаи раҳм ва дар қалби ӯ меҳру муҳаббат фузунтар аст нисбат ба мардон ва ин фузунӣ бо ин вуҷуд, ки рашк онро оҳиста-оҳиста хӯрда истода бошад ҳам, қавӣ аст. Дар андешаи зан бо ҳама он фикрҳои нолозим, ки ба рашк рабт дорад, боз пойдории оила ва хизмати ҳамсару фарзандон болотар меистад. Аммо рашк чун 1 мафҳуми манфур ҳароина мафкураи занро иҳота кардааст. Чӣ бояд кард ин тамоюлҳо аз хислати инсонӣ канорагир шавад? Дар ин маврид коршиносони самти равонӣ изҳор медоранд, ки ҳар нафареро зарур аст бештар дар мавзӯҳои равонӣ мутолиаи адабиёти бадеӣ намоянд. Ҳаводисеро, ки ба ҳаёти шахсе рабт доштаю дар доираи мафҳуми рашк ва амсоли ин нигошта шудааст, баъди хондан дурусттар ҳаллу фасл намояд. Воқеан ҳам ин тавсияҳо имкони хубест, ки аввалан шахс худро аз ғаразҳои беасос дур месозад, баъдан эҳсосоти ботили хешро маҳв намуда, муҳимтар аз ин ҳама саломатиашро, ки маҳз домангири он рашк аст, аз даст намедиҳад.
Марҳабо Рамазонзода,
Журналист, Қурғонтеппа
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии кишвар дар ҷумҳурӣ аз 12 то 15 майи соли равон ҳаво гарм шуда, дар водиҳо ҳарорати ҳаво дар ин рӯзҳо бештар аз 40 дараҷаро ташкил медиҳад.
Ба мардум тавсия мешавад дар вақти гармии шадиди офтоб аз соати 13 то 16 бидуни зарурат ба кӯча набароянд. Агар зарур бошад, дар соя гардиш кунанд ва ҳангоми гузаштан аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд.
СССР
Масъулини бархе аз ниҳодҳои кишвар мегӯянд, ки манъи баргузории роҳпаймоии «Полки абадӣ», ки бояд рӯзи 9.05.2017 дар Душанбе сурат бигирад, ягон ҷанбаи сиёсӣ надошта танҳо ба хотири амнияти худи ширкаткунандагон вобаста аст.
Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар 1 дар ҳамоиш оид ба нақшабандӣ нашудани роҳпаймоии «Полки абадӣ», ки миёни ҷомеа андешаҳои мухталиф ба вуҷуд овардааст, ёдовар шуда, гуфтааст, ки баргузор накардани роҳпаймоии «Полки абадӣ» ҷанбаи сиёсӣ надорад, балки танҳо ба далели таъмини бехатарии ширкаткунандагон рӯи даст гирифта шудааст. Ӯ ҳамчунин аз рӯзноманигорон даъват кард, ки аз ин мавзӯъ «ҳангомасозӣ» накунанд.
СССР
Раиси ш. Душанбе Рустами Эмомалӣ бо 1 қарори вежаи худ ба иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945, ки сокини пойтахт мебошанд, 1500 сомонӣ ҷудо намуд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва равобити хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, бо дастури Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе барои расонидани кумакпулии якдафъаина ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945, инчунин ба ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳалокгардида ба ҳар кадоме 1500 сомонӣ ва ба шахсони бо ордену медалҳои Иттиҳоди ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз 6 моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил, оилаҳои шахсони ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалокгардида, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, ба ҳар кадоме 800 сомонӣ ҷудо намояд.
СССР
-Аз мардум нагурезед, шумо барои кӣ роҳбар? Барои халқ! Арзи сокинонро гӯш кунед, бо суханони хуб қабул ва гуселашон намоед - гуфт, А.Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ба роҳбарони ҷамоти деҳот ва корхонаву ташкилотҳои ш.Панҷакент. Ӯ ин нуктаро дар ҷаласаи фаъолони ш.Панҷакент, дирӯз 4-уми май баён дошт. Бино ба маълумоти раиси вилояти Суғд, аз Панҷакент вақтҳои охир сокинон бештар барои ҳалли мушкилоташон ба маркази вилоят ва пойтахти кишвар мерафтаанд. Ҷаноби Қодирӣ бо хитоб ба роҳбарони ҷамоати деҳот изҳор дошт, ки пас шумо кор намекунед, фаъолиятатон назаррас нест. Аз ин ҷост, ки мардум на ба назди шумо, балки ба Душанбеву Хуҷанд мераванд. Назар ба маълумоти 4 моҳи охир, нисбати соли гузашта теъдоди шикояти сокинони Панҷакент 40 адад афзудааст. 70%-и шикоятҳо вобаста ба замин будааст.
Хуршед Фозилов
Шаби гузашта қалби донишманди шинохтаи кишвар, олими пухтакор, забоншинос ва ходими давлатӣ Додихудо Саймиддинов аз тапидан бозмонд.
Додихудо Саймиддинов 24 июни соли 1949 дар Тоҷикистон ба дунё омада, соли 1973 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ)-ро бо тахассуси "забоншинос" хатм кардааст. Марҳум доктори илмҳои филолгия (соли 1999) ва Узви вобастаи Академияи илми ҶТ (2001), инчунин Узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адабиёти форси Ҷумҳурии Исломии Эрон буданд.
Самти асосии фаъолияти илмии ӯ забоншиносӣ ва таҳқиқи масоили марбути он ба ҳисоб мерафт.
СССР
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар