ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Май 01 2017


Дар ҷамоати деҳоти Меҳнатободи деҳаи Хурсандии н. Бохтари вилояти Хатлон рӯзи 20.04.2017 шахсони номаълум вориди оромгоҳи деҳа шуда 28 санги болои қабри мазорро шикаста партофтаанд.
Чуноне ки аз Ҳукумати ноҳияи Бохтар ба хабарнигори СССР гуфтанд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Дилшод Давлатбекови 22 –сола, оиладор, сокини деҳаи Хурасандӣ боздошт карда шуд. Ҳангоми боздошт Дилшод Давлатбеков ба гуноҳи худ иқрор шуда афзуд, ки бегоҳи рӯзи 17.04.2017 бо мақсади алафдаравӣ вориди қабристон шуда бо харсангҳо 28 адад санги болои мазорро шикастааст.
Раиси маҳалаи Хурсандӣ 1-и ҷамоати деҳоти Меҳнатобод Ҳайдаров Сайдаҳмат дар сӯҳбат бо мухбири СССР афзуд, ки воқеае, ки дар деҳа рух додаст, касе рӯйпӯш накардааст.
- Мо рӯзи 21.04.2017 соати 19-и бегоҳ аз ин ҳолат хабардор шудем, баъди намоз 20 нафар фаъолонро ҷамъ карда ба ҷойи ҳодиса рафтем. Дар ҳақиқат ин овоза рост будаасту надонистем чӣ кор кунем, дарҳол ба мақомот хабар додем, афзуд ӯ.



Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

Ҷумъа, Апр 28 2017


Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ш. Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз дар к. Шевченкои пойтахт ба бинои нави Суди Олии кишвар санги асос гузоштанд.
Тибқи лоиҳа бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ошёна иборат буда, дар маҷмуъ дорои ҳуҷраҳои корӣ барои 450 корманд, маҷлисгоҳ бо 500 ҷойи нишаст, 8 толори муҳокимаи судӣ, бойгонӣ, китобхона, китобхонаи электронӣ, боғи зимистона, ошхона барои 70 нафар ва дар таҳхонаи бино таваққуфгоҳ барои 30 нақлиёт мебошад.
Барои сохтмони иншооти мазкур аз шафати к. Шевченко дар гузаргоҳи якум бо масоҳати 0,37 га қитъаи замин ҷудо карда шудааст. Масоҳати умумии иншоот 17952 м2 мебошад ва баландии умумии бино аз сатҳи замин ба 72,6 метр баробар аст. Арзиши пешакии корҳои сохтмонию ороишӣ 73 миллиону 858 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.   
Дар давоми солҳои 2016 барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ 2 миллиону 346 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, дар соли 2017 баҳри идомаи корҳо 8 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Ба ҳолати 1 апрели соли 2017 аз оғози корҳои бунёдӣ дар ҳаҷми 964 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ-васлгарӣ иҷро карда шудааст.
Дар ороиши бино аз тахтасангҳои хоро, мармар, панҷараҳои кандакории гаҷӣ, паркет, панелҳо аз навъи чубҳои қиматбаҳо ва рангҳои аълосифат истифода карда мешавад.



СССР

Чоршанбе, Апр 26 2017


Дар деҳаи Хурсандии ҷамоати деҳоти Меҳнатободи н.Бохтар рӯзи 20-уми апрел шахсони номаълум вориди оромгоҳи деҳа шуда, 28 санги болои қабри мазорро шикастаанд. Ин ҳолат сокинони деҳаро ба ташвиш оварда, инчунин ҳукумати ноҳияро нигарон аст. Ҳайдаров Сайдаҳмад-раиси маҳаллаи Хурсандӣ дар сӯҳбат бо СССР мегӯяд, «воқеае, ки дар деҳаи мо рух дод, рӯпӯш накардем. Мо рӯзи 21 апрел, соатҳои 7-и бегоҳ аз ин ҳолат хабардор шудем ва баъди намоз 20 нафар фаъолонро ҷамъ карда ҷои ҳодиса рафтем ва ба мақомот хабар додем».
Шарипов Ҳикматулло-эмомхатиби деҳаи «Фрунзе»-и ҷамоати деҳоти Заргар мегӯяд, дар 4 мазҳаб болои сари мазор санг гузоштан дуруст аст, ғайр аз салафия, ки он зидди санггузорӣ болои қабрҳост…



Баҳодур Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон

Чоршанбе, Апр 26 2017


Девори мактаби №3-и ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон болои духтараки 14-15-сола афтида, хонандаро маъюб кардааст. Ин ҳодиса 1 моҳ моҳ пеш рӯй додааст. Тибқи иттилоъи 1 манбаъ, Гулнора-директори мактаби миёнаи №3 кӯшиш кардааст, ки ҳодиса паҳн нашавад ва ба шарафи мактаб латма назанад. Хонандаи маъюбро ба беморхона бурда бистарӣ кардаанд ва ба қавли сарчашма, аҳволи ӯ ҳоло рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.

Сешанбе, Апр 25 2017


31-умин солгарди садмаи нерӯгоҳи атомии Чернобилро, бартарафсозони  ин садама ва иштирокчиёни он, дар ш.Панҷакент таҷлил намуданд. Ҳамоиш бо ташаббуси ТҶ "Иттифоқи маъюбони садамаи Чернобил дар ш.Панҷакент" баргузор шуд. Муовини раиси ш.Панҷакент ба иштирокдорони садамаи атомии Чернобил ва оилаҳои онҳо аз номи ҳукумати шаҳр тӯҳфа ва сипосномаҳоро супорида, хизмати онҳоро қаҳрамонӣ унвон намуд. Бино ба иттилои Зебуниссо Исломова, роҳбари иттифоқи чернобилчиёни ш.Панҷакент, айни ҳол дар шаҳру деҳотии Панҷакент 29 нафар иштирокдорони бартарафсозии садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил зиндагонӣ доранд, ки онҳо бо кӯмакҳо фаро гирифта шудаанд. Дар ҷамъомад ҳамчунин 1 гурӯҳ меҳмонон бо роҳбарии сарвари Иттифоқи чернобилчиёни Тоҷикистон ширкат намуданд. Ҳамасола дар Тоҷикистон ва як қатор давлатҳои собиқи шӯравӣ 26-уми апрел рӯзи садамаи Чернобил қайд карда мешавад.


Хуршед Фозилов

Сешанбе, Апр 25 2017


Рӯзи 6.05.2017 дар шаҳри Душанбе  Фестивал-намоишгоҳи панҷуми «Авто Ретро- Душанбе» баргузор мегардад. Фестивал-намоишгоҳ  аз соати 8:00 то 18:00 дар ҳудуди меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси Душанбе» ва ҶДДМ «Кохи Наврӯз»-и пойтахт доир карда мешавад.
Меҳмонони Фестивал-намоишгоҳи панҷуми «Авто-ретро Душанбе»  метавонанд аз тамошои ретро-мошинҳои нодир ва тамошобоби тамғаҳои «Победа», «Москвич», «Волга», «Запарожец», «Лада», «Volkswagen», «Ford», «Chevrolet» «Pontiac» ва албатта, «Mercedes-Benz», ки дар Ғарб рамзи асосии ҳаракати дӯстдорони олдтаймерҳо маҳсуб мешавад, ҳаловат баранд.



СССР

саҳ 118 аз 156

Китобҳо

Flag Counter