31-умин солгарди садмаи нерӯгоҳи атомии Чернобилро, бартарафсозони ин садама ва иштирокчиёни он, дар ш.Панҷакент таҷлил намуданд. Ҳамоиш бо ташаббуси ТҶ "Иттифоқи маъюбони садамаи Чернобил дар ш.Панҷакент" баргузор шуд. Муовини раиси ш.Панҷакент ба иштирокдорони садамаи атомии Чернобил ва оилаҳои онҳо аз номи ҳукумати шаҳр тӯҳфа ва сипосномаҳоро супорида, хизмати онҳоро қаҳрамонӣ унвон намуд. Бино ба иттилои Зебуниссо Исломова, роҳбари иттифоқи чернобилчиёни ш.Панҷакент, айни ҳол дар шаҳру деҳотии Панҷакент 29 нафар иштирокдорони бартарафсозии садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил зиндагонӣ доранд, ки онҳо бо кӯмакҳо фаро гирифта шудаанд. Дар ҷамъомад ҳамчунин 1 гурӯҳ меҳмонон бо роҳбарии сарвари Иттифоқи чернобилчиёни Тоҷикистон ширкат намуданд. Ҳамасола дар Тоҷикистон ва як қатор давлатҳои собиқи шӯравӣ 26-уми апрел рӯзи садамаи Чернобил қайд карда мешавад.
Хуршед Фозилов