ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Апр 12 2017


Намоишгоҳи 5-уми мошинҳои қадима ва раритет «Авто Ретро Душанбе 2017», ки ҳамасола дар арафаи Рӯзи пойтахт дар ш. Душанбе баргузор мегардад, соли равон рӯзи 30.04.2017 гузаронида хоҳад шуд.
Чуноне ки ба мухбири СССР аз Клуби дӯстдорони мошинҳои раритет ва эксклюзии кишвар хабар доданд, ин дафа низ наздики 120 адад воситаҳои нақлиёти қадима аз тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда кӯҳнатарин мошин бошад соли 1930 истеҳсол шудааст.


СССР

Сешанбе, Апр 11 2017


Чанд лаҳза пеш колонаи махсус иборат аз 40 адад автобусҳои нав, ки шаҳрдории Душанбе аз Туркия харидорӣ карда аст, марзи Ӯзбекистону Тоҷикистонро убур намуда вориди кишвари мо шуданд ва шояд пас аз 2 соати дигар ба пойтахт бирасанд.
Чуноне ки ба мухбири мо 1 манбаи мӯътамад аз МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» иброз дошт, масъулини соҳаи нақлиёти ҷамъиятии ш. Душанбе айни дар марзи 2 кишвар қарор дошта автобусҳои навро пешвоз гирифта истодаанд. Барои овардани ин автобусҳо бошад 50 ронандаи Тоҷик сафар карда мошинҳои навро тавассути марзҳои Туркияву Эрон ва Туркманистону Ӯзбекистон ба Тоҷикистон оварданд.



СССР

Сешанбе, Апр 11 2017


Билохира, субҳи имрӯз ҳавопаймои ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» аз рӯи хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошканд парвоз намуда, расо соати 08.05 ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо 29 мусофири нахустин фуруд омад. Ёдовар мешавем, ки ширкати миллии ҳавопаймоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Ozbekiston havo yollari» баъд аз 25 соли таваққуф имрӯз, 11 апрел бори нахуст ба Тоҷикистон парвоз анҷом дод. Бо парвози баръакс аз Душанбе ба Тошканд бошад, ки соати 09.50 сурат гирифт, 10 мусофир барвоз намуд. Нархи чиптаи рафту баргашт тавассути ин ширкати ӯзбекӣ 2600 сомониро ташкил дода парвози аввали он, ки бояд рӯзи 4.04.2017 амалӣ мегашт, бо сабаби кам будани теъдоди мусофирон ба имрӯз маавқуф гузошта шуда буд.
Парвозҳои ҷавобии ширкати ҳавопаймоии Тоҷик «Сомон эйр» аз рӯи ин хатсайр низ бояд рӯзҳои наздик ба вуқӯъ пайвандад ва коршиносони ин ширкат айни замон дар Тошканд қарор дошта ҳуҷчату санадҳои марбут ба ин парвозро ба нуқтаи ниҳоӣ расонида истодаанд. Ин ҳарду ширкат бояд ҳафтае 4 парвоз анҷом бидиҳанд.


СССР

Душанбе, Апр 10 2017

Бо мақсади вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва зиёд кардани истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ дар савдои чакана ва қабули онҳо ҳангоми хариди молу хизматрасониҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, таҳти №815 қарор “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ”-ро қабул намуд. 

Ҷиҳати пешбурд ва назорати татбиқи қарори зикргардида бо иштироки намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон ҳайати муштараки корӣ таъсис дода шуд. Мақсади асосии ҳайати корӣ аз назорат ва мусоидат ба сохторҳое, ки тибқи қарори зикргардида бояд бо терминалҳои электронӣ барои қабули кортҳои пардохтии бонкӣ муҷаҳҳаз гардонида шаванд, иборат мебошад.

Чуноне ки ба мухбири СССД аз дафтари матбуоти Бонки Миллии Тоҷикистон иттиллоъ доданд, афзоиши пардохтҳои ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтӣ ва истифодаи оммавии онҳо ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ шаффофияти амалиётҳои молиявиро таъмин намуда, ба афзудани воридшавии андозҳо мусоидат менамояд ва яке аз омилҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад.

Аъзоёни ҳайати корӣ дар мадди аввал дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд амал намуда, дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ насб кардани терминалҳои электрониро назорат менамоянд ва оид ба истифодаи технологияҳои муосири пардохтӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои таблиғотӣ мегузаронанд.

Айни замон тибқи иттилои ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати иҷрои қарори мазкур аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ теъдоди муайяни терминалҳои электронӣ (ПОС-терминал) дар анбори онҳо захира шудааст ва барои насб кардан дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ тайёр мебошанд.

Терминалҳои электронӣ дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар асоси шартнома аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ пайваст карда шуда, барои насб намудани он соҳибкорон бояд ба ташкилотҳои қарзие, ки барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохти бонкиро анҷом медиҳанд, муроҷиат намоянд.

 

 

 

 

Чоршанбе, Апр 05 2017


Ахиран пас аз боришоти пайдарпайи борон шаби гузашта дар Панҷакент борон ба барф мубаддал шуд. Боришоти барф тибқи маълумоти кормардони стансияи ҳавосанҷӣ, то субҳ давом кардааст. Баландии барф дар шаҳри Панҷакент 3 см-ро ташкил дода, ҳарорати минималии ҳаво то ба -0,1 дараҷа фаромадааст. Тибқи иттилои Ҷамила Байдуллоева, сардори маркази ҳавосанҷии Агегтии обуҳавосанҷии кишвар, шаби гузашта дар водии Ҳисор, минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо барф боридааст. Тибқи маълумоти хабарнигоронамон, дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он барф наборидааст. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳам боришоти барф ба қайд гирифта нашудааст. Баъзе аз коршиносон ба он андешаанд, ки барфи борида ба хоҷагии кишоварзӣ аз ҷумла баъзе дарахтон зарар расонид.


Хуршед Фозилов

Сешанбе, Апр 04 2017


Дар фурудгоҳи байналмилалии ш. Қӯрғонтеппа баъди солҳои зиёди интизорӣ хатти парвоз таъмиру таҷдид ёфт. Барои расидан ба ин ҳадаф маъмурият тавонист бо 5 миллион сомонӣ, ки қарзи бонкҳои маҳаллӣ аст, қитъаи зарур барои парвозҳои ҳавопаймоҳоро таъмир намояд.
Тағоймуродов Бекмурод, муовини  директори фурудгоҳи байналмилалии ш. Қӯрғонтеппа дар сӯҳбат бо хабарнигори СССР афзуд, ки барои таҷдиди 165 метр 5 миллион сомонӣ харҷ шудааст. Мақоми фурудгоҳи Қӯрғонтеппа, ки дар 8-километрии ин шаҳр, дар ҳудуди ноҳияи Бохтар ҷойгир аст, «байналмилалӣ” буда, феълан аз ин фурудгоҳ ба фурудгоҳи “Домодедово”-и шаҳри Маскав парвозҳо анҷом меёбанд. Ширкати "Сибирские авиалинии” дар 1 ҳафта 4 маротиба ба ин шаҳр парвоз анҷом медиҳаду муҳимтарин бахши муштариёнаш – муҳоҷирони корӣ мебошанд.
Дар ҳамин маврид бошад Сафаров Қурбон муовини директори фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки  то моҳи март дар 1 ҳафта 7 маротиба ширкати «Уралские авиалинии» ба самти ш. Маскав  парвоз мекард, ҳоло бошад ин ширкат дар боло зикршуда то 30 апрел дар 1 ҳафта 11 маротиба парвоз анҷом ҳохад дод. 


Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

саҳ 120 аз 156

Китобҳо

Flag Counter