Дар фурудгоҳи байналмилалии ш. Қӯрғонтеппа баъди солҳои зиёди интизорӣ хатти парвоз таъмиру таҷдид ёфт. Барои расидан ба ин ҳадаф маъмурият тавонист бо 5 миллион сомонӣ, ки қарзи бонкҳои маҳаллӣ аст, қитъаи зарур барои парвозҳои ҳавопаймоҳоро таъмир намояд.
Тағоймуродов Бекмурод, муовини директори фурудгоҳи байналмилалии ш. Қӯрғонтеппа дар сӯҳбат бо хабарнигори СССР афзуд, ки барои таҷдиди 165 метр 5 миллион сомонӣ харҷ шудааст. Мақоми фурудгоҳи Қӯрғонтеппа, ки дар 8-километрии ин шаҳр, дар ҳудуди ноҳияи Бохтар ҷойгир аст, «байналмилалӣ” буда, феълан аз ин фурудгоҳ ба фурудгоҳи “Домодедово”-и шаҳри Маскав парвозҳо анҷом меёбанд. Ширкати "Сибирские авиалинии” дар 1 ҳафта 4 маротиба ба ин шаҳр парвоз анҷом медиҳаду муҳимтарин бахши муштариёнаш – муҳоҷирони корӣ мебошанд.
Дар ҳамин маврид бошад Сафаров Қурбон муовини директори фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки то моҳи март дар 1 ҳафта 7 маротиба ширкати «Уралские авиалинии» ба самти ш. Маскав парвоз мекард, ҳоло бошад ин ширкат дар боло зикршуда то 30 апрел дар 1 ҳафта 11 маротиба парвоз анҷом ҳохад дод.
Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон