ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Дек 30 2016

30.12.2016. Соат бо вақти Душанбе 9:10 дақиқа. Дар ҳавои тумани ғафс дар шоҳроҳи Душанбе-Қурғонтеппа, дар ҷамоати деҳоти Бибихуррами ноҳияи Бохтар 2 мошини сабукрави тамғаи хориҷии Нексия ва Опел ба ҳам сахт бархӯрда, дар натиҷа 8 нафар бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхона интиқол ёфтаанд.

Маҷрухони садама дар беморхонаи Карияи Болои ш.Қурғонтеппа

(Акс аз ҷои ходиса)

Баҳодур Уроқов,

Хабарнигори СССР дар вил.Хатлон

 

Панҷшанбе, Дек 29 2016

Масъулини Раёсати авиатсияи граждании вазорати нақлиёти кишвар таъкид медоранд, ки шаҳрвандони кишвар, ки дар шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Русия қарор доранд, набояд фирефтаи чиптаҳои арзони ширкатҳои ҳавопаймоии рус барои парвоз ба Тоҷикистон гарданд. 

Ба шаҳрвандони кишвар тавсия дода мешавад, ки барои парвоз ба Ватан ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ – «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр»-ро интихоб намуда аз хизматрасонии ин ширкатҳо истифода бубаранд. Ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ новобаста аз мушкилоти зиёди иқтисодӣ парвозҳои худро пайваста амалӣ намуда барои овардани шаҳрвандони кишвар ба Ватан дар ҳама ҳолат муваззафанд. Ба ғайр аз ин, сатҳи сифати хизматрасонии ширкатҳои «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» назар ба ширкатҳои хориҷӣ беҳтар буда ба мусофирон зимни парвоз хӯроки гарм пешниҳод карда мешавад.

- Ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ, алалхусус русӣ, ки дар оғози парвозҳо ба мусофирон нархи арзони чиптаҳоро пешниҳод мекунанд ва мардум аз ширкатҳои ватанӣ рӯй гардонида аз парвозҳои онҳо истифода мебаранд. Вале пас аз чанд моҳи парвоз ширкатҳои русӣ нархҳои хешро мебардоранд, ки ин қобили қабул нест ва фиреби маҳзи мусофир аст, - гуфтанд ба мухбири СССР дар Раёсати авиатсияи граждании вазорати нақлиёти мамлакат.

 

СССР

 

 

Сешанбе, Дек 27 2016

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси ш. Душанбе дастур додаст, ки то санаи 26.12.2016 арчаи асосии кишварро, ки ҳамасола дар майдонии «Дӯстӣ»-и пойтахт гузошта мешавад, оро дода барои пешвоз ва таҷлили соли нави мелодии 2017 тамоми хиёбону кӯчаҳо, назди биноҳои маъмурӣ ва боғҳои пойтахтро бо лавҳаҳои идона оро бидиҳанд.

Чуноне ки ба мухбири СССР дар дафтари матбуоти раиси ш. Душанбе хабар доданд, базми идонаи шаҳрдорӣ барои кӯдакону наврасони пойтахт рӯзи 29.12.2016 соати 10:00 дар бинои Сирки давлатии мамлакат сурат гирифта шоу-барномаи калони консертӣ бо иштироки устодони санъат ва ҳунармандони эстрада шоми 31.12.2016 аз соати 19:00 то соати 21:00 идома хоҳад ёфт. Барномаҳои идонаи шаҳрдорӣ бо мушакпарронӣ – фейерверк хотима меёбанд.

 

СССР

 

Ҷумъа, Дек 23 2016

Ҷониби Тоҷикистон дар ҷавоб ба манъи парвозҳои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», ки аз соати 00:00-и 23.12.2016 аз тарафи Русия ба 1 қатор минтақаҳои ин кишвар манъ гардид, парвозҳои ширкати русии «Уральские авиалинии»-иро аз соати 12:00-и рӯзи 23.12.2016 манъ кард.

Чуноне ки ба мухбири СССР дар Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти ҶТ иттиллоъ доданд, ҳайати кории коршиносон ва мутахассисони соҳаи авиатсияи кишвар тайи 2 рӯзи охир дар Маскав қарор дошта вобаста ба қазияи пешомада бо ҳамтоёнашон гуфтугӯ доранд, аммо ҳанӯз ба ифоқа нарасиданд. Қатъу манъи парвозҳо характери муваққатӣ дошта пас аз ҳалли қазияи мазкур тақдири ин парвозҳо маълум хоҳад шуд.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», ки ба ҷуз парвозҳои самти Маскаву Санкт-Петербург, парвозҳои Оренбургу Қазон ва Новосибирскаш аз имрӯз қатъ гашт, дар ин бора баёнияи расмӣ омода дорад ва қарор аст онро соатҳои наздик паҳн намояд.

 

СССР

 

Ҷумъа, Дек 23 2016

Бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат, соли 2017 дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъсис дода мешавад. Ин нуқта дирӯз дар Паёми президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ ироа гардид.

Ҳоло дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони зиёда аз 80 кишвар низоми соддакардашудаи раводид ҷорӣ карда шудааст. Дар натиҷа, шумораи сайёҳон дар 3 соли охир мунтазам афзоиш ёфта, 2 баробар (аз 207 то 414 ҳазор нафар) зиёд гардидааст.

 

СССР

 

Панҷшанбе, Дек 22 2016

саҳ 131 аз 156

Китобҳо

Flag Counter