ХАБАРИ ДОҒ

Мусофирони Тоҷик набояд фирефтаи чиптаҳои арзони ҳавопаймоҳоли рус гарданд!

  • Панҷшанбе, Дек 29 2016

Масъулини Раёсати авиатсияи граждании вазорати нақлиёти кишвар таъкид медоранд, ки шаҳрвандони кишвар, ки дар шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Русия қарор доранд, набояд фирефтаи чиптаҳои арзони ширкатҳои ҳавопаймоии рус барои парвоз ба Тоҷикистон гарданд. 

Ба шаҳрвандони кишвар тавсия дода мешавад, ки барои парвоз ба Ватан ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ – «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр»-ро интихоб намуда аз хизматрасонии ин ширкатҳо истифода бубаранд. Ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ новобаста аз мушкилоти зиёди иқтисодӣ парвозҳои худро пайваста амалӣ намуда барои овардани шаҳрвандони кишвар ба Ватан дар ҳама ҳолат муваззафанд. Ба ғайр аз ин, сатҳи сифати хизматрасонии ширкатҳои «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» назар ба ширкатҳои хориҷӣ беҳтар буда ба мусофирон зимни парвоз хӯроки гарм пешниҳод карда мешавад.

- Ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ, алалхусус русӣ, ки дар оғози парвозҳо ба мусофирон нархи арзони чиптаҳоро пешниҳод мекунанд ва мардум аз ширкатҳои ватанӣ рӯй гардонида аз парвозҳои онҳо истифода мебаранд. Вале пас аз чанд моҳи парвоз ширкатҳои русӣ нархҳои хешро мебардоранд, ки ин қобили қабул нест ва фиреби маҳзи мусофир аст, - гуфтанд ба мухбири СССР дар Раёсати авиатсияи граждании вазорати нақлиёти мамлакат.

 

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter