Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба самъи мусофирон мерасонад, ки бо сабаби гузаронидани корҳои техникиву тармимӣ дар тайёраҳои АН28, парвозҳо аз рӯи хати сайри Душанбе-Хоруғ муваққатан боздошта шудаанд. Ширкати «Тоҷик Эйр» аз ҳамаи мусофирони ин хатсайр барои боздошти парвоз ва нороҳатӣ маъзарат мепурсад.
Чуноне ки ба СССР котиби матбуотии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев хабар дод, парвозҳо ба самти мазкур танҳо ба воситаи тайёраи АН28 амалӣ мешуданд, ки иҷозатномаи дахлдор дорад. Навъи дигари тайёраҳо ба ин минтақа парвоз карда наметавонанд, зеро ин хатсайр релефи душвори кӯҳӣ дорад, хабар медиҳад Азиз Хайруллоев.
Боздошти хатсайр муваққатӣ буда, ширкат нақша дорад пас аз корҳои техникӣ парвозҳоро барқарор намояд.
СССР
Бо фармони президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз ба тасвиб расид, Қиматгул Алибердиева, раиси шаҳри Хоруғ бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи бар дӯшдоштааш озод карда шуда ба ҷойи ӯ Маҳтобшозода Арамбегим Бозор - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардид.
Вазорати нақлиёти Русия ба ҷониби Тоҷикистон барои парвозҳо аз Маскав ба шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд аз фурудгоҳи нави Жуковский иҷозат дод. Чунин мувофиқа рӯзи гузашта 7.11.2016, пас аз ҷаласаи тӯлонии намояндагони вазоратҳои нақлиёти 2 кишвар ва сохторҳои марбута ба он, ки дар Маскав баргузор гашт, расид.
2.11.2016 Зоиров Изатулло-собиқ раиси шаҳри Қурғонтеппа, ки солҳои 2006-2008 муовини раиси вилояти Суғд ва аз соли 2008 то 2010 раиси ш.Қурғонтеппа буд, аз бемории инсулт (таҳширкунӣ) дар синни 60 даргузашт. Ӯ муддати 2 ҳафта дар беморхонаи Кария Болои ш.Душанбе, дар ҳолати «кома» буд.
Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз поин шудани ҳарорати ҳаво ва боришот дар рӯзҳои наздик ҳушдор дод. Тибқи иттилои агентӣ, дар назар аст, ки ҳарорати ҳаво дар кишвар то 10-12 дараҷа поин равад: “Рӯзҳои 3 ва 4 ноябр дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе ҷойҳо борони шиддатнок ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф дар назар дошта шудааст”. аз агентӣ гуфтаанд, ки 5-6 ноябр борону барф дар назар нест, аммо ҳарорати ҳаво дар ин рӯзҳо сард боқӣ хоҳад монд: “Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар вилояти Суғд то 20-25 дараҷа, Хатлон 26-31 дараҷа, навоҳии тобеи марказ- 24-29 дараҷа ва ВМКБ то 14-19 дараҷа гарм хоҳад шуд”.
Дар ш.Панҷакент пас аз 3 соли набудани светофор ахиран ба насби он шурӯъ намуданд. Набудани чароғак, яке аз мушкилоти асосии ронандагон дар роҳҳои автомобилгарди Панҷакент маҳсуб меёфт. Ҳанӯз зиёда аз 3 сол пеш чароғакҳо дар пайи таъмиру таҷдиди роҳи Айнӣ-Панҷакент барканда шуда буданд. Гарчанде аз ба истифода додани роҳ 1 сол сипарӣ шуда бошанд ҳам, вале то ба имрӯз чароғакҳо насб нашуда буданд. Вобаста ба мушкилоти ҷойдошта дар ҳафтаномаии СССР матлабе нашр намуда будем. Инак 2 рӯз мешавад, ки дар чорроҳаҳои ш.Панҷакент масъулин ба насби чароғакҳо оғоз намудаанд. ГАНҶИНА Муҳиддинова, як сокини ш.Панҷакент мегӯяд, акнун мушкилоти ронандагон ҳал мешавад. Пас аз чанд сол боз светофор насб карданд, ки ин иқдоми хуб аст.
Хуршед Фозилов
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар