ХАБАРИ ДОҒ

Бо фармони президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз ба тасвиб расид, Қиматгул Алибердиева, раиси шаҳри Хоруғ бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи бар дӯшдоштааш озод карда шуда ба ҷойи ӯ Маҳтобшозода Арамбегим Бозор - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардид. 

 Чуноне ки дафтари матбуоти президенти ҶТ иттиллоъ медиҳад, тибқи фармони дигари Президенти ҶТ, Машрабзода Ҳамидулло Маҳмадулло - муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардида, фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Ҳамчунин, бо Амрҳои Президенти ҶТ, Пайшанбезода Муҳиддин Шоҳинбод - мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Азимзода Алимардон Шоимардон - муовини Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter