ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Апр 07 2016

Бо қарори раиси Маҷлиси вакилони халқи Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз 7 апрели соли равон, номи кӯчаи ба номи Войкови ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба номи нав – Рӯҳафзо иваз карда шуд. Инчунин, номи кӯчаи ба номи Чайковскии ҳамин ноҳия бо қарори вижаи Маҳамадсаид Убайдуллоев низ иваз карда шуда акнун номи Наҷмиддин Абдуллоевро гирифт.

Сешанбе, Апр 05 2016

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2016 Қурбонзода Хуршед Ҳазрат сардори Раёсати хадамоти давлатии танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти ҶТ таъин гашт.

Сешанбе, Апр 05 2016

Шуморе аз занони танфурӯш дар ш.Қурғонтеппа мегӯянд, бо сахттар шудани ҷазо барои танфурӯшӣ аз пешаашон даст нахоҳанд кашид. Чунки ба гуфтаи онҳо танфурӯшӣ ягон роҳи пайдо кардани ризқи худу кӯдакони хурдсолашон аст.

Сешанбе, Апр 05 2016

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Абдулҳақ Алиев директори МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» ва Файзиддин Камолов, сардори Хадамоти давлатии танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе танбеҳ эълон намуда барои рафъи камбудиҳо дар соҳаи нақлияти ҷамъиятии пойтахт  маротибаи охир 1 моҳ мӯҳлат додааст.

Панҷшанбе, Март 31 2016

Бо қарори депутатҳои шаҳри Душанбе номи 2 кӯчаи пойтахт иваз карда шуд.

Ҷумъа, Март 18 2016

Ширкати «Таком», ки алоқаи мобилии Beeline-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, рӯзи 19 мартро Рӯзи мизоҷ эълон намуда аз тамоми истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ даъват дорад пагоҳ меҳмони нуқтаҳои хизматрасонии ин ширкат гашта бо роҳбарияти ширкат аз наздик ошно шаванд ва сӯҳбат намоянд.

саҳ 154 аз 156

Китобҳо

Flag Counter