Дар ин бора Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе ба хабарнигори СССР иттиллоъ додаст.
Чуноне ки Шавкат Саидов, иброз медорад, ин танбеҳ ва огоҳӣ ба Алиев ва Камолов пас аз баррасии амиқи гузориши Комиссияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри душанбе оид ба нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо, ки камбудиҳоро ошкор кардааст, рӯзи 4 апрели соли ҷорӣ дар ҷаласаи навбатии шаҳрдорӣ дода шудааст.
Хотиррасон менамоем, ки Газетаи мардумии СССР низ дар шумораи гузашта аз Низом Ҳакимов, муовини соҳавии раиси шаҳри Душанбе ва Абдулҳақ Алиев, директори МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» вобаста ба бетаваҷҷӯҳӣ, ҳамкорӣ накардан ва зоҳир намудани хунукназарӣ нисбат ба лоиҳа – озмуни «Нақлиёти ҷамъиятии пойтахт:беҳтаринҳо ва бадтаринҳо»-и газетаи мазкур низ интиқод карда буд ва ҳоло раиси шаҳр низ якеи онҳоро бо танбеҳ муҷозот кард.
СССР