ХАБАРИ ДОҒ

Чаро наврасон ғарқ мешаванд?? Зеро ҳавз нест!!!

  • Чоршанбе, Июл 12 2023

 

Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон итиллоъ медиҳад, аз оғози соли равон то 5-уми июн дар кӯлу дарё ва дигар обанборҳои кишвар 47 нафар, аз ҷумла 26 ноболиғу наврасони синни то 16-сола ғарқ шудаанд. 24 нафари инҳо ба вилояти Хатлон рост меояд. Аз рӯи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон аз ин 24 нафари ғарқшуда, 17 нафарашон кӯдакону наврасони синну солашон то 16 мебошанд. Маълум аст, ки ҳарорати гармии беш аз 45 мардумро аз хурд то солор сӯи ҳавзу дарё ва рӯду каналҳо мебарад. Ҳодисаҳои ғарқшавиро бархе аз бемасъулиятӣ ва надоштани маҳорати оббозӣ, дигаре аз беаҳамиятии сокинон ва худи шиноварон медонанд...

 

27 ҳавз, вале ҷойи оббозӣ нест

Тибқи маълумот имрӯз дар ҳудуди вилоят 37 ҳавзи шиноварӣ фаъол аст, ки аз ин 27 ададаш дар ҳолати коршоям қарор доранд. Шаҳри Бохтар, ки маркази маъмурии вилоят маҳсуб меёбад, ҳамагӣ 3 ҳавзи шиноварӣ дораду 2 адад дар ҳолати корӣ мебошанд.

    - Агар масъулини соҳа ба ин масъала расидагӣ кунанду барои сохтани ҳавзҳои шиноварӣ мусоидат намоянд, шояд шумораи ғарқшавии одамон низ камтар гардад, - иброз дошт сокини ш.Бохтар, модари 3 фарзанд, Парвина Расулова.

 

Ҳавои гарм - душмани организм

Рустам Расулов, мутахассиси соҳаи тиб чунин ақида дорад, ки ҳавои гарм душмани организм аст. Гармӣ салқиниро тақозо дорад. Лекин дар ҳавои ниҳоят гарм дар кӯлу дарё, каналу рӯдҳо оббозӣ ҷоиз нест. Чунки пайомадҳои нохуш меорад. Табибон ҳам дар соатҳои гармӣ оббозиро тавсия намедиҳанд. Нусратуллои Хайриддин, 1 навраси шиновар, мегӯяд, агар рӯзе ба оббозӣ наравад, он рӯз барояш дуру дароз менамояду беҳад бетоқат мешавад:

   - Ба ин хотир мо якчанд нафар ҷӯраҳо ба канали назди хонаамон барои оббозӣ меравем. Гоҳе мешавад, ки аз волидон намепурсам ва оббозӣ меравам. Гуфта метавонам, ки ин амал бароям хобби шудааст. 

 

Ҳамёну тилфонатро бо худ бигир!

Чун дар ш.Бохтар ҷойи оббозӣ наёфтем, бо ҳамроҳи рафиқон ба ҳавзи шиноварии н.Кушониён бо номи «Аквапарк», воқеъ дар шоҳроҳи Левакант раҳсипор шудем. Билет гирифта, дохили маҷмаа гаштем. Ҳангоми даромадан ҳайрон шудем, зеро барои гузоштани калиду телефон қуттичаҳои махсус набуд, маъмурон гуфтанд, ки бо худ гирем, бехавф мешавад.

Толор низ чунон ифлос буд, ки аз ворид шудан ба ҳавз пушаймон мешавӣ. Барои шустушӯ кафши махсус ҷустуҷӯ кардем. Нафаре аз дохил наздам омаду дар гӯшам оҳиста пичиррос зад, ки «Ака, 10 сомонии дигар илова кунед, либоси махсуси оббозӣ меорам». Мо якравиро пеша карда, розӣ нашудем. Аз омадан ба ин маҷмаа пушаймон шудем, вале аллакай дер шуда буд, диламон ба пуламон сӯхту 1 калағӯтӣ задем...

 

Ваъдаҳои беамал...

Оббозӣ дар ҳавзҳои вилоят ройгон ё бепул нест, даромад ба ҳамаи ҳавзҳо тарофаҳои худро дошта, на ҳама имконият дорад фарзандони худро барои оббозӣ ҷойи бехавф фиристад. Аловуддин Амирзода, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, вобаста ба бунёди ҳавзҳои шиноварӣ мегӯяд, ки ҳама кор бо имконият фароҳам оварда мешавад:   

   - Мо мактуб кардем, ки сохтмони ҳавзҳои шиноварӣ дар шаҳру навоҳии вилоят, хусусан дар он ҷойҳое, ки умуман чунин ҳавз нест, ба роҳ монда шавад. Вобаста ба имконияти мавҷуда пешниҳоди мо зери назорати мақомоти маҳаллӣ қарор дорад. Агар ягон соҳибкор барои сохтмони ҳавзҳои шиноварӣ сармоягузорӣ кунад, мо мусоидат мекунем.

 Вақте ҳавз ё бассейни ройгон дар маҳаллаву микрорайон нест, пас кӯдак дар куҷо бояд оббозӣ карда, шиновариро ёд бигирад? Вақте шино карда наметавонад, албатта, ки дар оби равону калон ғарқ мешавад. Пурсида мешавад, агар ҳар «домсоз» ҷои майдончаи футбол, ки сохтанаш мӯд шудааст, 1 ҳавзи шиноварӣ ё фаввора созад, осмон ба замин меафтад-мӣ? Ин суол ба масъулини сохтмонӣ ва меъмории кишвар буд. Мо мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

 

Қосимзода Нуриддин, СССР,

вилояти Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter