ХАБАРИ ДОҒ

Ёқуб ба аробачаи маъюбӣ ниёз дорад!

  • Сешанбе, Май 31 2016

Дар ҷамоати «Ориё»-и н.Бохтар Ёқубҷон Назаралиеви 24-сола фалаҷ асту дар орзуи аробачаи маъюбӣ.

Парчамоҳ-очаи Ёқубҷон дар суҳбат бо СССР гириста гуфт, ки «4 фарзанд дорам, 2 писару 2 духтар. Духтаронам сиҳатанд, лек  писаронам ба бемори фалаҷ гирифтор шудаанд. Ёқубҷон фалаҷ аст ва писари хурдиам Абдуқодир бошад ба бемори нимфалаҷ гирифтор. Ёқубҷон аз 5-6 моҳагӣ тасби баданаш баланд мешуду «судороги » медод, 2 дастро ба пушти гарданаш метофт. Ҳамин тавр то 9-солагӣ ба пои худ ба мактаб мерафт. Баъдан ҳаракатҳои  пойҳояш суст шудан мегирифт ва бениҳоят азоб мекашид ҳини зинаҳои мактаб баромадан.

Савол: Ҳангоми бемориаш ба беморхона муроҷиат кардед ?

Рости 1 маротиба муроҷиат карда будам, лек ҳоло замоне шудааст, ки касе дарди туи бе пулро гуш намекунад. Аз набудани пул дар хона бо табобати бобоӣ машғулам ва танҳо такя ба Худо дорам.

Баҳодур Уроқов

СССР  Қурғонтеппа 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter