Чуноне ки ба мухбири СССР аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе иттиллоъ доданд, дар ҷаласа, ҳамзамон масоили ғановати бозори истеъмолӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, беҳбудбахшии вазъи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, ҳолати санитарию экологӣ, бо инобати гармии ҳаво вусъати корҳои профилактикӣ оид ба эмин нигоҳ доштани дарахту сабзазорони шаҳр аз гармӣ, ҳолати зиддисӯхтории бинову иншоот, дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани каналу селпартоҳо ва, риояи фарҳанг ва одоби шаҳрнишинӣ, вусъати тадбирҳо оид ба дастгирии соҳибкорӣ, пешгирӣ намудани ғасби худсаронаи қитъаи замин ва таъмини волоияти қонун дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулин дастуру супоришҳои дахлдор ироа гардиданд.
Шаҳрдор инчунин таваҷҷуҳи масъулини пойтахтро ба тарҳрезии натиҷагирӣ аз ҳолати татбиқи барномаҳои пешрафти иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2016 нигаронида, дастур фармудааст, ки дар таносуби ҳар як сохтор ва субъекти хоҷагидорӣ нишондодҳо дар алоҳидагӣ таҳлил ва нисбати вусъати фаъолияти минбаъда оид ба иҷрои босифати нақшаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, бахусус таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини нишододҳои буҷетӣ тадбирҳои иловагии мушаххасро пайвастаю пайгирона амалӣ намоянд.
СССР