ХАБАРИ ДОҒ

Бозори «Шоҳмансур»: захира фаровону харидор нест!

  • Душанбе, Июн 20 2016

Роҳбарияти КВД «Бозори «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе баҳри ғановати дастархони рамазонии сокинони пойтахт саъю талош намуда пеш аз оғози моҳи шариф ба таври лозима маҳсулоти ниёзи аввалияро захира кардааст.

 

Чуноне ки дар сӯҳбат бо мухбири СССР Бахтиёр Лақаев, директории КВД «Бозори «Шоҳмансур» иброз дошт, аз ҷониби маъмурияти бозор пеш аз фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба бозор 40 тонна орд аз вилояти Суғд, 10 тонна равған, 5 тонна биринҷ, 10 тонна пиёз барои захира ворид карда шуда ҳамарӯза бошад аз хоҷагиҳои деҳқонии Шаҳринаву Қумсангир ба бозор картошкаву сабзӣ ва полезиҳо оварда шуда бо нархи дастрасу арзон ба фурӯш гузошта мешавад. 

- Ҳоло дар бозори «Шоҳмансур» маҳсулоти ниёзи аввалия хеле зиёд аст ва арзон аст, аммо харидор қариб, ки нест, - иброз медорад Бахтиёр Лақаев.

Имрӯз, нархи 1 кило пиёз дар бозори «Шоҳмансур» аз 60 дирам то 1 сомонӣ буда 1 кило картошка бошад 1,2 – 1,3 ва 1,5 сомониро ташкил менамояд. Нархи 1 кило сабзӣ – 1,3 сомонӣ, 1 халта ориди навъи 1-уми ватанӣ – 142 – 145 сомонӣ, 1 кило гӯшти гов аз 29 то 32 сомонӣ, 1 кило гӯшти гӯсфанд – 33 сомонӣ. Нархи меваю сабзавот низ назар ба ҳафтаи гузашта то 3 – 5 сомонӣ арзонтар шуда нархи 1 дона тарбуз ҳоло 7 -8 сомонӣ, 1 дона харбуза – 7 – 8 сомонӣ, 1 кило помидор – 2,5 сомонӣ, 1 кило бодиринг – 2,5 сомонӣ, 1 кило гелос 10, 12, 15, 18 сомонӣ, 1 кило шафтолу 6,8,10 сомонӣ, 1 кило зардолую олу – 3 сомонӣ шудааст.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter