Муроҷиатномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе
Д А Ъ В А Т Б А А Д Л У И Н С О Ф
Ҳамватанони арҷманд, шукргузорем аз раҳмати Илоҳӣ, ки боз ба моҳи шарифи Рамазон расидем. Ин моҳ дар Қуръони карим ва ҳадисҳои Паёмбари гиромӣ аз беҳтарин моҳҳои сол, моҳи файзу баракат, эҳсону накӯкорӣ, адлу инсоф, муруввату инсондӯстӣ ва пеш аз ҳама, моҳи раҳмату мағфират, озодӣ аз азоби дӯзах ва моҳи шарафмандии умматони Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи олиҳи васаллам) дониста шудааст.
Моҳи мубораки Рамазон фурсати муносибе барои худшиносӣ, дарёфти камолоти инсонӣ, покдоманию парҳезгорӣ, имтиҳони ҷавонмардӣ ва таҳаммулгароию қаноатмандӣ мебошад.
Яке аз ҳикматҳои рӯзадории моҳи шарифи Рамазон, дар баробари ҷилавгирӣ аз хӯрдану нӯшидан, ин риояи ҳатмии адлу инсоф дар кору фаъолияти ҳар як фард буда, ба соҳибкорону тоҷирон алоқамандии зиёд дорад, зеро асосан соҳибкорону тоҷирон таъминкунандаи рӯзгори мардум мебошанд. Ниёгони бузургамон низ дар тӯли таърих маҳз бо риояи ин суннатҳои арзишманди исломӣ зиндагӣ кардаанд. Аз ин рӯ, аҳли савдою тиҷоратро зарур аст, ки дар ин моҳ қаноатмандиро пеша карда, барои дарёфт намудани ризои Худованд аз рӯи адлу инсоф ба мардум хизматгузорӣ кунанд.
Боварии комил дорем, ки ба хотири ризоияти Худованд ва нигоҳ доштани арзишҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ дар давоми моҳи шарифи Рамазон нарху навои маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи хӯрокаро нигоҳ дошта, бо қобилияти харидории сокинони шаҳр мувозинат риоя мекунед.
Аз Худованди мутаол бароятон тавфиқу инсоф ва ҷавонмардию саховатпешагӣ таманно дорем!