- Дар оғози соли равон намояндагони ширкатҳои бузурги воридотии Русия ба Тоҷикистон омада аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дидан карданду омодагии хешро барои харидорӣ намудани теъдоди зиёди пиёзу картошка эълон доштанд. Вале онҳо то расидани ҳосил талаботу стандартҳои худро ба мо нагуфтанду мақсади худро мушаххас накарданд ва танҳо 1 қисмати хурди маҳсулоти кишоварзиро харидорӣ карданду халос. Ин сабаб боиси он гашт, ки деҳқононе, ки пиёзу картошка кишт карда буданд, маҷбур шуданд ҳар 1 килои маҳсулотро то 30 – 40 дирамӣ ба фурӯш гузоранд, ки ин ба вазъи молиявии ин хоҷагиҳо ҳисороти моли калоне овард, - қайд намуд Иззатулло Сатторӣ.
Бояд қайд намуд, ки кишоварзони ҷумҳурӣ дар 6 моҳи соли 2016 ба хориҷи кишвар, алалхусус ба Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистон 87324 тонна сабзавот, аз ҷумла 86163 тонна пиёз, 708 тонна лӯбиёгӣ, 581 тонна биринҷ, 6538 тонна меваҷот ва 15223 тонна хушкмева содир карданд. Бо сабаби хеле сард омадани фасли баҳори соли гузашта, содироти хушкмева ба хориҷ назар ба соли гузашта 12 тонна камтар сурат гирифтааст.
СССР