ХАБАРИ ДОҒ

Нархномаҳои гуногун дар беморхонаи вилоятии Суғд

  • Панҷшанбе, Июл 21 2016

1 нафар аз сокини вилояти Суғд мегӯяд, дуруст будани нархномаҳоро дар беморхонаҳои вилоят барои ӯ муаммост.

 

Фарзона, як нафар аз корафтодаҳо дар беморхонаи вилоятӣ мегӯяд, барои рентген кардани фарзандаш ба ин беморхона омадааст. Дар  нархномаҳо ин намуди хизматрасонӣ 10 сомонӣ навишта шуда буд, аммо 1 нафар аз шӯъбаи рентгенӣ аз мо 30 сомонӣ маблағ гирифт ва чек ҳам надод. Хонум Фарзона афзуд, қаблан рентгени кос 10 сомонӣ арзиш дошт ва инро ба табиб гуфтам, вале ӯ гуфт, ки нархномаҳо қиммат шудаанд.

Исломов Иқбол, мудири шӯъбаи рентгенӣ дар 1 тамосӣ телефонӣ қайд намуд, дуруст аст, ки нархномаҳо нав шудаанд ва он дар назди табибон гузошта шудааст ва сардухтур ба онҳо бовар кардааст.

Вале дар ҳамин ҳол Ваҳоб Саломов, сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд ба хабарнигори СССР иброз намуд, ки ҳама он нархномаҳое, ки дар деворҳо овехта шудаанд, дурустанд ва табибон бояд аз рӯи ҳамон нархнома маблағ гиранд. Агар воқеъан ягон табиб ба пулгирии зиёдатӣ даст зада бошад, мо нисбати ӯ чораҳои зарурӣ меандешем.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ аз "ҳақталаби"-и ва дағалии табибони вилоят изҳори нигаронӣ намуда буд ва ин изҳороти  Абдураҳмон Қодириро вазири тандурустӣ Нусратулло Салимзода ҳам дар нишасти матбуотии хеш ба хабарнигорон тасдиқ намуд.

Хуршед Фозилов, хабарнигори СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter