- Аз ҷониби гурӯҳи коршиносони дуҷонибаи Тоҷикистону Русия, мутобиқи ариза ва дигар ҳуҷҷатҳои 5 категорияи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавии онҳо ба қаламрави Русия манъ гардидааст, баррасӣ карда шуда, айни замон, ба 210 шаҳрванди ҶТ, иҷозаи дубора ба қаламрави Федератсияи Русия барои ворид шудан дода шудааст. Бо мусоидати намояндагии вазорати мо дар Русия бошад, дар давоми 5 моҳи соли 2016, 40 қарори судҳои ноҳиявӣ нисбат ба хориҷ кардани шаҳрвандони мо аз қаламрави Русия, бо қарори судҳои болоӣ бекор карда шуда, 168 парванда дар ҳолати баррасии судҳои болоии шаҳри Маскав ва вилояти Маскав қарор дорад, - иброз намуд зимни сӯҳбати хеш Тағойзода Сумангул Саид.
СССР