Бино ба иттиллои Хайрулло Раҳимов, ба ғайр аз ин иқдоми идона, аз ҷониби ширкат дар тайи 5 моҳи охир ҳангоми харидорӣ намудани чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар аксари масирҳо сабукӣ дода шуда танҳо дар хатсайри «Душанбе – Маскав – Душанбе чипта то 45% арзон шудааст.
- Аз рӯи натиҷаи 6 моҳи аввали фаъолияти ширкат дар соли равон метавонем гуфт, ки тамоми пардохтҳо барои хизмати рӯӣзаминӣ дар назди ҶСК «Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе» пурра пардохт шуда дар тайи 5-6 соли охир ин бори нахуст аст, ки мо ӯҳдадории хешро сари вақт анҷом додем. Вазъи моли ширкат низ рӯ ба беҳбудӣ оварда айни замон мо стратегияи рушди ҶСК «Тоҷик Эйр»-ро, ки ширкати ҳавопаймоии миллӣ аст, кор карда баромадем. Дар ширкат коршиносон ва мутахассисони хеле ҳам ҳирфаӣ фаъолият мекунанд ва дар ин муддат арзу шикоят низ аз ҷониби мусофирон кам шудаасту ҳавопаймоҳо ҳам 76% пур шудаанд ва ин барои мо хуб аст. Мо ҳатто барои боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ 1 штати алоҳидаеро таъсис додаем, ки пас аз анҷоми парвоз аз ҳар 1 мусофир занг зада мепурсад, ки парвоз чӣ гуна сурат гирифт, хизматрасонӣ чӣ тавр буд ва барои беҳтар намудани сифати кор мусофир чӣ пешниҳод дорад, -таъкид дошт Хайрулло Раҳимов.
СССР