Сохтмони тарҳи роҳи оҳани панҷгона, ки давлатҳои Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эронро бо ҳам мепайвандад, зина ба зина амалӣ ёфта пас аз якчанд ҷаласаи байнидавлатӣ алакай масъалаи аз ҳудуди кадом шаҳрҳову минтақаҳо гузаштани роҳи оҳан ҳалли худро ёфтааст. Инчунин, ин кишварҳои панҷгона масофаи байни релсҳоро низ мутобиқи стандартҳои байналмиллалӣ муайан кардаанду ва дар вохӯрии оянда масъалаи омодасозии созинома барои оғози сохтмон баррасӣ хоҳад гашт. Ин нуқтаро Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти ҶТ рӯзи 1.07.2016 зимни нишасти матбуотӣ иброз кард.
- Барои бунёди ин роҳ, ки дар умум беш аз 2 ҳазор километр масофа дорад, маблағи хеле ҳам калон лозим аст. Дар миқёси Тоҷикистон дар доираи ин лоиҳа сохтмони 580 километр роҳ ба назар гирифта шуда барои амалӣ намудани он беш аз 3,2 миллиард доллари амрикоӣ сармоя зарур аст. То ба ин муддат аз ҷониби Ҷумҳурии исломии Эрон барои гузаронидани асосноккунии техникии роҳи оҳани ҳудуди Тоҷикистон 1 миллион доллари ИМА ҷудо шуда буд ва он пурра аз худ карда шудааст, - таъкид дошт Шералӣ Ганҷалзода.
СССР