ХАБАРИ ДОҒ

«Барқи тоҷик»: идораҳои буҷавӣ бештар қарздоранд!

  • Сешанбе, Авг 02 2016

Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд, ки аҳолии кишвар маблағи истифодаи қувваи барқро сари вақт пардохт мекунад ва назар ба сокинон дар назди ширкати «Барқи тоҷик» бештар идораву корхонаҳои давлатӣ қарздоранд. Ӯ ин нуқтаро рӯзи 2 август зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.

 

- Ҷамъоварии маблағи фурӯши барқ аз муштариёни дохили ҷумҳурӣ дар 6 моҳи аввали соли равон дар умум 663, 5 миллион сомониро ташкил намуд, ки ин 78,7% маблағи ҳисобшударо ташкил медиҳад. Аз ҷумла аз аҳолӣ ҷамъоварии маблағ 80,1% ташкил дод. Аз байни корхонаҳои буҷавӣ аз ҳама бештар Агентии обёрӣ ва беҳдошти замини кишвар дар назди ширкат қарздор буда аз соли 2010 инҷониб дар пардохти маблағи истифодаи қувваи барқ танқисӣ мекашад, - қайд намуд Мирзо Исмоилзода.

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter