Бино ба иттилои Зайниддин Давлатов, сардори бахши кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии гурӯҳи шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, дар 6-моҳи имсол 1696 сайёҳи хориҷӣ ва 16101 сайёҳи дохилӣ, ки ба навоҳии ин минтақа омадаанд, расман ба қайд гирифта шудаанд.
Аз эшон мутаносибан 70700-сомонӣ ва 126369-сомонӣ маблағи пулӣ ба ҳисоби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ ворид гаштааст. Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои сардори бахши минтақавӣ, барои корҳои сайёҳӣ аз ҳисоби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон дар соли 2016-ум 35-ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки он аллакай масраф гардидааст. Ин маблағ, ба андешаи Давлатов, кучак аст ва он танҳо барои тайёр намудани буклетҳо, ё худ маводи таблиғотӣ дар нимсолаи аввал кифоя шуду бас. Ба иқрори ҷаноби Давлатов, дар ҳамаи минтақа ягон ширкати сайёҳӣ кору фаолият намекунад. «Бо миёнаравии бевоситаи мо, дар шаҳри Кӯлоб 1 Ширкати сайёҳӣ ташкил карда шуд, ки роҳбараш Сафармад Рустамов таин гардид. Бо гузашти 4-моҳ, ҳанӯз ин ширкат фаол нагаштааст. Аз роҳбараш бошад умуман дарак нест», мегуфт нафаре, ки бевосита ҷавобгӯйи соҳа дар минтақа буд.