Таваққуфгоҳ бояд ройгон бошад...
Бо гузашти беш аз 2 моҳ рӯзи 28.07.2016 гузари мо боз ба фурудгоҳ афтод ва мо дидем, ки чӣ гуна фурудгоҳи шаҳри Душанбе дар ин муддат дигар шудаву дар саҳни он 1 таваққуфгоҳи муосир бунёд ва дохили терминал низ ба кулли иваз шудааст. Аз ҳама муҳим шлагбауми даромади саҳни фурудгоҳ бардошта шуда, пас аз чанд рӯз бо ба охир расидани корҳои ободонӣ ва мумфарш намудани таваққуфгоҳ, гуселкунандагону пешвозгирандагон метавонанд ба роҳатӣ бидуни ҳеҷ монеа вориди таваққуфгоҳи нав шаванд ва мошинҳои хешро дар қисматҳои ҷудошуда гузоранд. Дар саҳни фурудгоҳ мошинҳои калон мумфарш намудани охирин қитъаи ҳудуди таваққуфгоҳро ба охир мерасониданд ва дар баробари кормандони бахши роҳу хоҷагии фурудгоҳ, директории генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Исматулло Абдуллозода низ дар ҳаминҷо буд ва ба роҳсозон дастурҳои мушаххас медод.
- Мехоҳам роҳи даромаду баромад барои мардуми ба фурудгоҳ меомада роҳат бошад, мошинҳо барои даромадан ба таваққуфгоҳ навбат напоянд ва аз ҳама муҳим истифода аз он барои ҳама ройгон аст, мисли дар дигар фурудгоҳҳои дунё ва бояд ҳамин тавр ҳам бошад. Фурудгоҳ обрӯву эътибори кишвару миллат аст, зеро дарвозаи асосии мамлакат буда, бояд ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқат намояд, - гуфт дар сӯҳбати кӯтоҳ бо мухбири мо Исматулло Абдуллозода.
Терминал акнун терминали ҳақиқӣ шуд!
Бо Равшан Музаффаров, мудири калони терминали байналмилалӣ вориди он шудем. Хушбахтона, ошхонаи миллие, ки дар дохили терминал чанд вақт фаъолият кардаву фазоро бӯи равғану хӯрок мегирифт, барканор шуда дигар нест. Ба ҷои он курсӣ гузошта, ҷои интизориро барои мусофирону пешвозгирандагон васеву зиёд кардаанд. Ҷои 1 нуқтаи дигаре, ки онҷо нӯшокиву чою қаҳва ва чипсу офтобпараст мефурӯхтанд, дӯкони нави фурӯши маҳсулоти ҳунарии дастӣ ва таблиғоти Тоҷикистону миллати Тоҷикро таъсис додаанд. Таъсиси чунин дӯкон пешниҳоди яке аз хонандагони газетаи СССР буд, ки 3 моҳ қабл фаъолияти маҳз ҳамин нуқтаи хизматрасониро дар дохили терминали нав зери тозиёнаи танқид гирифта буд. Акнун дар ин дӯкони нав маҳсулоти гулдӯзӣ, атлас, тӯҳфаҳои аз сангҳои Тоҷикӣ сохта шуда, китобчаи аксҳо, рамзу магнитҳои Тоҷикиро харидорӣ кардан мумкин аст.
CIP- толори нав бо шароити нав
Пас аз тамошои терминал мо ба қисмати нави он, дурусттараш ба CIP-толори ҷадид, ки дар дохили ҳамин терминал таъсис дода шудааст, ворид шудем. Чуноне ки Равшан Музаффаров хабар дод, CIP-толори қаблӣ, ки аз он мусофирон шикояти зиёд доштанд, бардошта мешавад: «Мо аз мусофироне, ки ин толори махсусро барои парвоз интихоб мекарданд, шикояти зиёд гирифтем. Мизоҷон арз мекарданд, ки бо пардохти наздики 60 доллари амрикоӣ, ба онҳо на чой ва на қаҳва ва ё хӯроки сабук дода намешуд. Бо инобати ин шикоятҳо ва камбудиҳо, роҳбарияти нави фурудгоҳ аз рӯзҳои аввали корӣ тасмим гирифт 1 толори дигареро барои мусофирон пешкаш намояд ва он бояд аз CIP-толори қаблӣ тамоман фарқ намояд. Чанде пеш мо CIP-толори навро ифтитоҳ кардем, ки аз он хоҳишмандон метавонанд ба таври шабонарӯзӣ истифода намоянд. Нархи ин толори нав 30 доллари амрикоӣ барои 1 нафар мусофир буда, ба онҳо чою қаҳва, хӯроки сабук, меваю ширинӣ пешниҳод мегардад. Курсиҳои наву мулоим, лампаҳои алоҳида болои ҳар 1 курсӣ, фазои бозу ором низ аз рӯи талаботҳои ҷаҳонӣ пешниҳод мешавад, мусофир танҳо нишаста истироҳат мекунад, чиптаву бағочи ӯро кормандони ин толор ба қайд гирифта, аз зери назари хадамоти гумрук гузаронида, мӯҳри марзбониро низ барояш мегиранд».
Навигариҳоро бояд дид!
Бо омадани Абдуллозода ба ҳайси директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар тайи 7 моҳи охир тағийротҳои хеле ҳам назаррас ба чашм мерасанд ва ин тағийротро имрӯз ҳар нафаре, ки аз фурудгоҳ мегузарад, мебинад. Исматулло Абдуллозода, ки мегӯянд менеҷери ҳирфаӣ аст, қолабҳои кӯҳнаи фурудгоҳро, ки роҳбарони қаблӣ бо тими худ наметавонистанд шикананд, бишкаст. Барои ҳар 1 зарраи ҳудуди фурудгоҳ, ки тайи ин солҳо бо роҳи ғайриқонунӣ аз худ кардаву хусусӣ шуда буд, бархост, ҷангид ва ҳоло ҳам дар долонҳои судҳо мубориза мебарад. Ӯ тавонист терминали байналмиллалиро, ки барояш маблағи кам сарф нашудааст, аз объектҳои барои соҳаи авиатсия бегона, тоза кунад ва терминалро ба Тоҷикистон ба маънои томаш, баргардонад. Идеяҳои зиёд дорад, худ меъмору дизайнери нақшаҳояш асту тамоми кӯшишро барои он сарф мекунад, ки фурудгоҳ бо маънои томаш фурудгоҳ шавад. Ӯ метавонад!
Мину Аминзода
СССР