Шиносномадиҳӣ барои сагҳо дар ҷануби Тоҷикистон бештар шудааст Дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар вил.Хатлон ба 7 ҳазору 732 саг паспорт додаанд, ки гуфта мешавад назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд шудааст. Нурулло Бояков, сардори Маркази санитарию эпидемиалогии вил.Хатлон дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки дар шиносномаи саг, ному насаби соҳиби саг, макони зисти он, рангу лақаби саг ва пеш аз ҳама, аз муоинаи тиббӣ гузашта шудани саг дарҷ мешавад. ӯ гуфт, ки дар ин паспорт безарар будани саг аз ҷониби бойторон нишон дода мешавад, дар сурате, ки ҳамин саг 1 нафарро мегазад зарурат ба гирифтани воксина ё ба назди духтур рафтанро надорад. Таҳияи паспорт ба сагҳо дар ҳоле гирифта шудааст, ки ҳолатҳои захмӣ шудани мардум аз ҳамлаи сагҳо мақомотро ба ташвиш овардааст. Аз аввали соли ҷорӣ 1682 нафарро сагҳо газидаанд, ки дар 42 ҳолат сагҳои дайду ё сагҳои бесоҳибе будаанд, ки хатаре барои мардум доштаанд. Соли гузашта дар вил.Хатлон ҳамлаи сагҳои девона, ки дар сурати ҳамла ба инсон ва табобат нагирифтан ба марг мерасонад, мушоҳида шуда буд, ки дар натиҷа 2 нафар ҷон дода буд. Дар ҷамоати деҳоти "Бохтариён"-и н.Бохтар 15 нафар аз ҳамлаи сагҳои дайду осед дидаанд, ки дар бемористон бистарӣ буданд. Ин сокинони 2 деҳа аз чанд сагӣ ҳорӣ осеб дида буданд. Дар вил.Хатлон беш аз 50.000 саг ба қайд гирифта шудааст, ки мақомот талош дорад, ба сагҳо паспорт диҳад ва сагҳои бесоҳибро нест созанд.
Баҳодур Уроқов,
СССР