Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» рӯзи 1.09.2016 парвози нахустини хешро ба самти Душанбе – Сочи – Душанбе анҷом дод. Вақти парвоз аз Душанбе ба Сочи соати 11.30 бо вақти маҳаллӣ сурат гирифта, вақти фурудоӣ дар Сочи соати 13.20 бо вақти маҳаллӣ амалӣ гашт. Ҳавопаймо соати 15.00 бозпас ба Душанбе парвоз намуда, соати 20.40 дар Душанбе фуруд омад. Хабарнигори СССР низ дар қатори мусофирони аввалини ин хатсайри ҷадид аз Душанбе ба Сочи парвоз намуда бо ҳамон хавопаймо рафту баргашт. Вақти парвоз 3 соати 40 дақиқаро дар бар гирифт.
Мусофирони аввалини хатсайри навро роҳбарияти ширкати «Сомон Эйр», аз ҷумла директори генералии он ҷаноби Томас В. Ҳаллам ва директори тиҷоратӣ Алишер Рустамов хайрамақдам гуфта ба эшон роҳи сафеду муваффақият орзу намуданд. Ба ҳар 1 мусофир ҳангоми бақайдгирии чипта аз номи ширкати мазкур тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуда мусофирон аз кулчақанди рамзии «Сомон Эйр» низ тавонистанд бичашанд.
Бояд қайд намуд, ки хатсайри нав ба самти Душанбе – Сочи – Душанбе ба мусофироне, ки нияти сафар ба шаҳру навоҳири Қафқоз доранд ва дигар шаҳрҳои вилояти Краснодари Русия доранд, роҳи осону наздик ва хамзамони арзони сафар буда чиптаи рафту баргашт дар ин самт 3480 сомониро ташкил медиҳад. Парвоз дар ҳавопаймоии бароҳати Боинг – 737-800 сурат гирифта барои нафароне, ки мехоҳанд дар ин гӯшаи хушбодуҳаво ва сайёҳии Русия истироҳат намоянд, хеле мусоид аст.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» яке ширкатҳои комёби кишвар буда айни замон парвозҳои хешро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Русия ва Қазоқистон бо муваффақият анҷом дода истодааст. Пойгоҳи ширкати мазкур аз ҳавопаймоҳои Боинг – 737-300, -800 ва -900 иборат аст.
Гузориши аксии хабарнигори мо Ҷамила Ҳусейноваро аз ин сафар зар зер хоҳед дид.