Идгардак барои мо 1 расми бе маъно шуда, сарфу хароҷоти беҳудаи мо ҳатто аз тӯйю худоиҳо бештар мешавад. Дар иди қурбон қурбонӣ кардан ин расми мусулмонии мост барои одамони давлатманд. Дар рӯзи ид кӯдакҳо, хонашинакҳо, мардҳо меоянд, инҳо майлаш, аммо омаду рафти занҳо қариб 1 ҳафта давом мекунад!!!
Барои авлоди ҷӯгӣ расм шудааст, мо онҳоро мебахшем, лек худамон дар идҳо аз онҳо камӣ надорем. Дар дини ислом ин расм нест, аммо чаро мо барои худамон чунин вазнинӣ меорем? Рӯзи ид кӯдак аз хоб мехезад, модараш ба ӯ пакет-борхалта медиҳад ва мегӯяд, рафта идгардак кун. Ин расми бемаъниро модараш аз хурдӣ дар майнаи кӯдак ҷой мекунад.
Расми идгардак дар музофот бисёр авҷ гирифтааст, зеро бисёрии занҳо маълумоти мактаби миёна доранд ва қисме аз онҳо комилан бесаводанд. Агар занҳои деҳот маълумоти кофӣ ё маълумоти олӣ медоштанд, ба қадри пул ва ё меҳнати хонаводагӣ мерасиданду ба мардҳои хона мушкилии зиёд намеоварданд. Ман аз тамоми омӯзгорони макотиби миёна дар қишлоқҳо илтимос дорам, ки ин расми бемаъниро ба талабагон фаҳмонанд. Бовар дорам, ки бо мурури замон ин расм аз байн меравад. Ман ба ҳамаи халқи Тоҷикистон муроҷиат мекунам, ки ба меҳнати худамон ва ё ба меҳнати фарзандонамон, ки дар Россия бо азобу машаққат кор карда истодаанд, дилсӯзӣ кунему сарфҳои беҳударо аз байн бубарем. Иди Қурбон муборак!
Мӯҳриддин Исроилов,
шаҳри Ваҳдат