Чуноне ки ба мухбири СССР Тимур Бандишоев, сухангӯи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иброз дошт, сабаби баргардонидани ҳавопаймо ба Душанбе ин мушкилии индикатсия дар кабинаи ҳавонавардон вобаста ба ҷамъ нашудани яке аз чархҳои ҳавопаймо будааст. Ҳайати парвозӣ тамоми таҷҳизоти заруриро назорат карда, қарор қабул кард, ки бо мақсади бехатарӣ ба фурудгоҳи ибтидоӣ баргардад. Баъди коркарди миқдори зарурии сӯзишворӣ, ки бо коҳиш додани вазни умумии нишасти ҳавопаймо вобаста мебошад, ҳавопаймо бомуваффақият ба фурудгоҳи Душанбе фуруд омад. Вақти умумии парвози ҳавопаймо 3 соату 26 дақиқаро дар бар гирифт. Мусофирони хатсайри мазкур соати 02:20 ба вақти маҳаллӣ, тавассути ҳавопаймои дигари ширкати ҳавопаймоӣ - Боинг 737-900 ба шаҳри Санкт-Петербург интиқол дода шуданд.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои эҷод кардани нороҳатӣ аз ҳар як мусофири хатсайри Душанбе - Санкт-Петербург, инчунин аз дигар мусофироне, ки бо сабаби ҳодисаи авиатсионӣ рӯйдода вақти парвоз ва нишасташон дар ҷадвали парвозҳо тағйир дода шуд, маъзарат мепурсад. Феълан ширкати ҳавопаймоӣ ҷиҳати ҳар чӣ зудтар барқарор кардани ҷадвали парвозҳо ва ба самтҳои зарурӣ расонидани мусофирон саъю кӯшишҳои зиёд карда истодааст. Шахсоне, ки хоҳиши супоридани чиптаҳои авиатсиониро доштанд, маблағи чиптаро аз маконе, ки онро харидорӣ намуда буданд ба даст оварданд.
СССР