ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Дубай рав!

  • Ҷумъа, Нояб 11 2016

Тоҷикон дар Дубай аслан миёнаравӣ, пӯстинфурӯшӣ, ҳамдигарфиребӣ ва... танфурӯшӣ мекунанду Консул намехоҳад бо журналистони ватанаш во хӯрад.

 Дубай-пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб айни замон аз бузургтарин шаҳри тиҷоративу сайёҳии олам аст. Тибқи омори расмӣ, ҳар 1 дақиқа ба Дубай танҳо ба воситаи ҳавопаймоҳо 180 сайёҳ ворид шуда, беш аз 3000 ширкатҳои бренди олам дар ин шаҳр намояндагӣ ва марказҳои савдои хешро доранд. Аҳолии таҳҷоии Дубай 1 млн нафар буда, 8 млн нафари дигари муҳоҷир, асосан эронӣ, чинӣ, филиппинӣ, афғон, покистонӣ ва ҳиндуҳоянд, ки барои 1 млн нафар араб, ба қавли худи арабҳо «араби тоза ё арбоб» кор мекунанд. Мақоми Тоҷикҳо дар Дубай дар кадом сатҳ асту киҳо бештар аз Тоҷикистон ба Дубай мераванд? Ҷазои ҷиноят кадом асту чиҳоро тоҷирон аз Дубай ба Душанбе меоранд? Мухбири СССР бо супориши редаксия 26.10.2016 ба Дубай парвоз ва ин мавзуъҳоро пайгирӣ намуд.

 Ҳавопаймои холӣ ва мусофирони серхаридор

26.10.2016. Соат бо вақти Душанбе 16:00 дақиқа. Бо писарам Ромин ба фурудгоҳи ш.Душанбе меоем ва барои парвоз ба ш.Дубай омодагӣ мегирем. Парвози мо аз Душанбе то Дубай тариқи хатсайри ҳавоии ширкати «Сомон эйр» сурат мегирад ва пас аз ба расмиятдарории чиптаву бағоч, гузаштан аз бахши гумрук ва марзбонӣ, ба толори барҳавои интизории терминали байналмилалии фурудгоҳи пойтахт мегузарем. Расо соати 17 мусофиронро барои нишастан ба ҳавопаймо даъват мекунанд. Ҳавопаймо аз рӯи реҷа соати 17.25 парвоз кард. Дохили Боинг-737-900, ки хеле фарох асту бояд 215 нафар мусофирро ғунҷонад, ҳамагӣ 40 нафар мусофир нишаста буд. Хатсайри Душанбе-Дубай яке аз хатсайрҳои сермусофир буд ва солҳои қабл барои ёфтани чипта ба ин хати сайри ҳавоӣ бояд 1-2 моҳ бештар талош мекардӣ. Ҳоло ҳавопаймо холиву мардум пас аз хӯрдани хӯрок, баҳузур дар курсиҳо дароз кашидаву хоб рафта 3 соату 30 дақиқа вақти парвозро роҳат паси сар намуданд. Маълум, ки бӯҳрони молиявӣ ба тиҷорату сайёҳат байни Тоҷикистону Аморат низ таъсир карда, рафту омади мардум низ ба Дубай кам шудааст. Гувоҳи ин боз ҳам ҳавопаймои холист, ки барои 1 парвозаш маблағи аз ҳад зиёд сарф мегардад… Мусофирони хатсайр асосан ҷавонмардон буданд, лек 2 духтари ҷавон, шояд солашон аз 20 боло набуд, низ ҳамсафари мост, ки аз гурӯҳи асосии мардум худро канор гирифта, ба ақиби салон рафта, аз ҳама дуртар нишастанд. Аз рангу рӯ, ороиш ва либоспӯшии онҳо пиндоштам, ки сарояндаанд. Лек тахмини ман хато баромад, ҷавоне, ки дар паҳлӯи мо нишаста буд, гуфт, «инҳо барои кор, яъне, танфурӯшӣ мераванд. Ҳоло мебинед, ки онҳоро дар Дубай, пас аз фуруд ё афғонҳо ё эрониҳо омада мебаранд!». Чунин ҳам шуд; пас аз фуруд ин 2 духтари Тоҷикро 1 марди афғон пешвоз гирифту бо худ бурд. Ба куҷо бурд, бароям номаълум монд ва ман тасмим гирифтам дар ин чанд рӯзе, ки ҳастам, онҳоро ҳатман дар Дубай биёбам ва аз ҳолашон бохабар шавам. Мо Метавонем!

 Ландмар Плаза-майдони миёнаравҳо

Соат бо вақти Дубай 8.00. Фурудгоҳи Дубай аз калонтарин фурудгоҳҳои дунёст, ки дар муддати 1 дақиқа метавонад 6 ҳавопайморо қабулу гусел намояд. Барои парвоз дар ин фурудгоҳ тайёраҳо дар хати парвоз навбат мегирифтанд. Пас аз гузаштан аз бахши марзбонӣ, ки онҷо моро хеле хуб истиқбол намуданд, бору бағоҷро гирифта, берун баромадем. Дӯсти Тоҷикамон, ки барои пешвоз омада буд, моро ба мошинаш шинонида, ба самти Дейра-қисмати қадимии Дубай бурд. Арабҳо Дейра қисмати кӯҳнаи Дубайро, ки дар канори рости дарё ҷойгир асту бештар биноҳои қадимӣ ва то 5-ошёна дорад, меноманд. Дубайи нав бошад бо биноҳои осмонбӯсаш дар канори чапи дарё воқеъ асту арабҳои таҳҷоӣ асосан дар Дубайи нав кору иқомат мекунанд. Бароямон аҷиб он буд, ки дар Дубай ва дигар шаҳрҳои Аморат ягон мошини таксии шахсиро намебинед, тамоми таксиҳои Дубай давлатӣ буда, танҳо барои нишастан 5 дирҳам, ки баробари 10 сомонист, медиҳед. Дӯстамон моро ба меҳмонхонаи Ландмар Плаза оварду маскун кард. Ин меҳмонхонаи мудирияташ ҳинду, аз рӯи сабку салиқаи ҳиндӣ омода шуда хӯрокҳояш низ ҳиндианд. Ба хотире, ки дар поси шаб дӯстонро ташвиш надиҳем, мо барои 1 шаб дар ин меҳмонхона мондан розӣ шудем. Субҳи рӯзи дигар аз Ландмар гурехтем, зеро шаб меҳмон дар ин меҳмонхона оромиш надошт, мардум мерафтанду меомаданду табақаи аввали он, ки маркази фурӯш ва таъмири телефонҳои мобилӣ буду ҳамеша серодам, то соати 3 шаб кор мекард. 

Воқеан ҳам тамоми мағозаву марказҳои савдо дар Дубай пас аз соати 11-и рӯз боз шуда, то соати 2 шаб кор мекунанду мардум низ танҳо пас аз намози пешин ба кӯча мебароянд. Соати 9-и субҳ ба ҷуз донишҷӯён ва хонандагони мактаб дар кӯча касеро намебинед. 

Тоҷикони миёнарав

Рӯбарӯи меҳмонхонаи мо парки хурде ҷойгир буда, рӯи сандалиҳои он ҷавонмардони зиёде аз субҳ то шом менишастанд. Фикр кардам, инҳо ҳамту дам мегиранд, лек баъдан фаҳмидам, ки аксарияташ Тоҷиканду дар интизори мизоҷ, алалхусус сайёҳони рус менишастаанд. Ҷавонмардони Тоҷик ба сайёҳони русзабон барои хариду фурӯш, сайругашт ва рафтан ба марказҳои калони тиҷоратӣ амсоли Дубай Молл, Эмират Молл ва Марина Молл кӯмак карда, нақши гидро мебозанд ва барои ин заҳмат дар 1 рӯз аз 50 то 80 $ мегирифтаанд. 

1 шуғли дигари Тоҷикон ин ҷо миёнаравӣ дар хариди пӯстин (щуба) будааст. Чун сайёҳони рус бештар ба хариди он шавқ доранду дар Дубай беҳтарин ва гаронтаринро харидан имконпазир аст, ҷавонмардони Тоҷик ба сайёҳон пӯстин пешниҳод карда, онҳоро то мағозаи пӯстинфурӯшӣ роҳнамоӣ мекунанд ва баъдан пас аз харид аз мағозадор фоизи хешро мегиранд. Ин фоиз метавонад пули калон бошад, чунки арзиши палто-пӯстини арзонтарини Дубай $15.000 ва гаронтаринаш то ба $80.000 аст. 5-10%-и он чанд пул мешавад, худ ҳисоб кунед!

 Аморат аз Русия беҳтар аст!

Барои шаҳрвандони Тоҷикистон кор дар кишварҳои арабӣ беҳтар аз кор дар Русия аст. Абдураҳмон, яке аз шаҳрвандони кишвари мо, ки тайи 8 соли охир дар Дубай кору зиндагӣ мекунад, мегӯяд, «Аморат барои шаҳрвандони хориҷӣ беҳтарин шароит ва имконоти кориро фароҳам меораду дар ҷавоб танҳо риояи қонунгузории мамлакатро талаб мекунад». Яъне шаҳрвандони хориҷие, ки ба Аморат меоянд, бояд ҳуҷҷатгузории хешро тибқи талаботи қонунгузории ин кишвар омода ва тахт кунанд. Аз ҷумла, визаи корӣ ва сабти иқомат. Агар ин аснодро дорад ва бе тақаллуб кору зиндагӣ мекунад, барои Аморат аз ӯ дида шахси хубтаре нест. Агар шахси хориҷӣ бо фиребу найранг ва қаллобӣ машғул шавад, ҳини боздошт ӯро ҳатман депорт мекунанд ё ҳасб. Касе, ки дуздӣ мекунад, ё маст ба кӯча мебарояд ва ё маводи мухаддир мефурӯшад, аз 50 то 75 зарби дурра мезанандаш.

Тоҷикони кам, вале маҳалчиву кидала

Шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Дубай наздики 700 нафар буда, аксарияти инҳо бо ҳамин корҳои мазкур машғуланд. Дар ин байн ҳастанд афроде, ки аз даъвати хизмати сарбозӣ гурехта, Дубай рафта, пас аз хатми даъват дубора ба Ватан бармегарданд. Вале гурӯҳи хурди 700-нафараи ҳамшаҳриёни мо (7 млн муздур дорад Дубай!) дар байни худ тифоқ нестанду бо ҳам хархашаву даъвои зиёд карда, маҳалчиянд ва якдигарро ба қавле «кидат» мекунанд. Чанд тоҷири Тоҷике, ки ба тиҷораташон осеби бӯҳрон камтар задаст, ҳоло ҳам бо хариду фурӯши худ бо Тоҷикистону Русия машғуланду аз ҳамшаҳриҳо худро канор мекашанд, мисли духтарони танфурӯши Тоҷик, ки саъй доранд худро аз Тоҷикҳо куллан дур гиранду зери сояи афғонҳову эрониҳо пинҳон шаванд. Сафорати Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб ва бахши консулии он дар Дубай бо чӣ машғуланд, дар шумораи оянда хоҳем гуфт. Мо Метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

Душанбе – Дубай -Душанбе

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter