Чуноне ки ба мухбири СССР дар дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар доданд, ин қарор бо мақсади таъмини фаъолияти муназзами соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагидорӣ дар шаҳр, зоҳир намудани вокуниши фаврӣ аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҷиҳати мусоидат намудан ба ҳаллу фасли саривақтии муроҷиат ва мушкилоти ҳамарӯзаи шаҳрвандон оид ба хизматрасониҳо дар сохторҳои марбутаи дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ дар мавсими зимистон ба тасвиб расидааст.
Навбатдории шахсони мансабдор аз 18.11.2016 оғоз шуда то 26.03.2017 идома хоҳад дошт. Шаҳрдори дар навбати хеш аз Ширкати cаҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» хоҳиш кардааст, ки дар давраи муқарраршуда бо ташкили навбатдории шабонарӯзӣ аз ҳисоби роҳбарони зерсохторҳои он дар шаҳри Душанбе ҷиҳати қабули муроҷиатҳои шаҳрвандон дар робита бо беҳбуд бахшидани хизматрасониҳо оид ба таъмини нерӯи барқ, истеҳсол ва дастрас намудани гармӣ тавассути Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳӣ», Маркази барқу гармидиҳии №2, дегхонаҳои «Ғарбӣ» ва «Шарқӣ» ва ҳаллу фасли саривақтии дархосту ниёзмандиҳои аҳолӣ, ки ба салоҳияташон дохил мешавад, чораҳои мушаххас андешида, тавассути воситаҳои ахбори омма воқеиятро ба иттилои мардум расонанд.
СССР