ХАБАРИ ДОҒ

Чӣ ҳол дорӣ, журналисти музофот?

  • Ҷумъа, Дек 16 2016

 Ба таваҷҷӯҳи Раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Аз СССР: Матлаби фавқ на танҳо ба вилояти Хатлон дахл дорад. Он беҳтарин шарҳи ҳоли журналистика дар тамомии вилоёту шаҳру навоҳии тобеи марказ ва Бадахшони Тоҷикистон низ ҳаст. Зимнан агар имрӯз ба он таваҷҷӯҳ нашавад, фардо Давлати мо пеши бӯҳрони фикрӣ қарор хоҳад гирифт. Мо Метавонем!

 Вазъи ВАО-и чопӣ дар вилояти Хатлон

Камии теъдоди нашр, дер ба чоп расидан, дастмузди ночиз, норасоии дастгоҳҳои замонавӣ, дурии роҳ то чопхонаи Қӯрғонтеппа ё Душанбе, кор накардани бештари чопхонаҳои ноҳиявӣ, воҳидҳои кории кам ва худдории мутахассисони ҷавон аз фаъолият дар редаксияҳо, садамавию таъмирталаб будани бинои баъзе идораҳои ВАО ва нарасидани ҳуҷраҳои корӣ, маблағгузории нокофии рӯзномаи музофотӣ, пардохт нашудани ҳаққи қалам, пешбурди кор бо усули куҳнашудаи идорӣ дар расонаҳо, роҳандозӣ нашудани менеҷменти дуруст, дер дастрас шудани рӯзнома ба хонанда... Ин ҳама аз мушкилоти аслии нашрияҳои музофотӣ дар вилояти Хатлонанд, ки роҳи ҳалли худро мехоҳанд.

Бо таваҷҷуҳ ба дурнамои рушди расонаҳои хабарӣ дар вил.Хатлон, пешбинии таҳдидҳои иттилоотӣ ва тамоюлҳои мусбату манфие, ки дар ин арса ба мушоҳида мерасад, ояндаи расонаҳои минтақавӣ асоси чандоне барои хушбинӣ намедиҳад. Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло дар қаламрави вилояти Хатлон ҳамагӣ 4 нашрияи вилоятӣ, аз ҷумла, «Хатлон» (ба забони тоҷикӣ ҳафтае 1 маротиба бо тиражи 10.000 нусха чоп мешавад), «Новый Хатлон» (ба забони русӣ, ҳафтае 1 маротиба, 4,6 ҳазор нусха), «Дӯстлик» (ба забони ӯзбекӣ, моҳе 2 маротиба, 3,6 ҳазор нусха) ва маҷаллаи «Сафо» (моҳнома бо теъдоди нашри 1,5 ҳазор нусха) фаъолият доранд, ки муассиси онҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вил.Хатлон аст. Ҳамчунин Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вил.Хатлон низ нашрияе бо номи «Ҳамрози халқ» дорад, ки моҳе 2 маротиба бо теъдоди беш аз 11.000 нусха чоп мешавад.

10 нашрия дар 1 вилояти бузург

Ба ҷуз ин, 25 шаҳру ноҳияи вилоят низ дорои рӯзномаҳои маҳаллии худ мебошанд, ки он ҳам мансуб ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, моҳе аз 1 то 4 маротиба ба табъ мерасанд. Дар маҷмӯъ, ҳудуди 40 расонаи хабарии маҳаллӣ, танҳо 1 нашрияи хусусӣ («Пайк»-сардабири он Аҳмади Иброҳим, дафтари кориаш дар ш.Кӯлоб) сари кор ҳастанд. Яъне манобеи ахбори алтернативӣ ангуштшумор ва камтаъсир буда, дастрасӣ ба онҳо ба таври бояду шояд таъмин нест. Набуди дастрасӣ ба манобеи алтернативии ахбор дар шаҳру навоҳии водии Вахш дар миёни аҳолӣ ниёзмандии иттилоотиро ба бор овардааст.

Аз шумораи умумии расонаҳои чопӣ дар қаламрави вил.Хатлон танҳо 8-10 нашрия ба таври мунтазам ва он ҳам ҳафтае 1 дафъа рӯи чоп меоянд. Сарфи назар аз ин, ки феълан дар қаламрави вилоят даҳҳо нашрияи дигар фаъолият доранд, ҳамоно дастрасии аҳолӣ ба иттилоот маҳдуд ба назар мерасад. Аксари нашрияҳои маҳаллӣ имрӯзҳо ба моҳнома табдил ёфтаанд. Ба мавзӯъ ва муҳтавои матолиби ин нашрияҳо ҳам баҳои мусбат додан мушкил аст. Ҳарчанд нашрияҳое ҳастанд, ки ҳайати эҷодиашон аз 6-10 нафар иборат аст, вале матолиби муаллифию ба қавле дастнохӯрда (эксклюзив) тақрибан ба нашр намерасанд, таҳлили амиқ, пажуҳиш, таҳқиқоти иҷтимоӣ, гузоришҳои тасвирӣ ва амсоли ин анҷом дода намешавад.

Ягона даргоҳи умед

Мушкили дигаре, ки зимни баррасии вазъи расонаҳои хабарӣ ба мушоҳида расид, нокофӣ будани захираҳои кадрӣ ва зарурат ба такмили ихтисоси ҳайатҳои эҷодист. Аксари муҳаррирони нашрияҳои шаҳрию ноҳиявӣ кадрҳои бозмонда аз замони Шӯравӣ буда, то ҳанӯз дар кори худ усулу тарзи коргузорӣ, ҳатто сабки эҷоди журналистикаи солҳои 70-80-уми асри 20-ро истифода карда, дар бораи стандартҳо (меъёрҳо)-и байналмилалии журналистика, имконоти нави техникӣ, дизайни муосири саҳифаҳои нашрия маълумоти кофӣ надоранд. Мудирияти хуб дар редаксияҳо роҳандозӣ нашуда, муҳаррирон ҳамоно дастнигари мақомоти маҳаллӣ боқӣ мондаанд ва дар пешбурди сиёсати редаксионӣ ба мушкилоти фаровон дучор мешаванд.

Солҳост, ки баҳсҳо дар атрофи боқӣ мондану намондани рӯзномаҳои музофотӣ идома доранд. Онҳое, ки зидди рӯи кор будани нашрияҳои маҳаллӣ ҳастанд, изҳор медоранд, ки рӯзнома барои ноҳияҳо зарур нест ва он маблағе, ки барои онҳо масраф мешавад, беҳтар аст ба ҷаридаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ равона карда шавад. Аммо онҳо шояд фаромӯш кардаанд, ки идораи рӯзномаҳои маҳаллӣ боргоҳи тарбияи журналистону адибону аккосон маҳсуб ёфта, беҳтарин журналистон аз ин расонаҳо ба рӯзномаҳои марказӣ ҷаҳида тавонистаанду бисёр шоиру нависандагонро маҳз онҳо ба адабиёт тақдим кардаанд. Ин идораҳо алҳол низ дар минтақаҳои дурдаст барои қаламкашон ягона даргоҳи умед мебошанд. Дигар паҳлӯи масъала ин аст, ки газетаи музофотӣ низ ҷаззобияти худро дорад. Рӯзномаи вилоятиву ҷумҳуриявӣ наметавонад дар ҳар 1 шаҳру ноҳия кӯча ба кӯча гашта, дар хусуси корнамоиҳои ашхоси арзанда матлаби дилҷӯ таҳия созад. Аммо нашрияи маҳаллӣ аз уҳдаи ин кор мебарояд. Ҳамзамон рӯзномаҳои музофотӣ сиёсати давлатро метавонанд дар маҳалҳо роҳандозӣ кунанд. Мавҷудияти онҳо ба фоидаи ҷомеа аст.

Рақобати эҷодӣ нест

Аз ҷониби дигар, дар аксари шаҳру навоҳии вилоят танҳо 1 нашрия фаъолият мекунад ва набудани рақобати эҷодӣ, нарасидани журналистони ҳирфаӣ, ноогоҳӣ аз усулҳои муосиру муассири пешниҳоди матолиб ва истифода накардани унсурҳои ҷолибсозии маводи журналистӣ боиси пешрафт надоштани рӯзномаҳо шудааст. Маоши каму нокофии журналистон сабабҳои бемайлии мутахассисони касбӣ барои кор дар ин муассисаҳост. Барои ислоҳи ин вазъ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилоятро мебояд дар сиёсати худ нисбат ба кори нашрияҳо таҷдиди назар карда, озодии бештари амали ҳайатҳои эҷодиро таъмин кунанд. Ҳамчунин баҳри вусъати кори ҷаридаҳои шаҳриву ноҳиявӣ барномаи давлатие рӯи кор меомад, агар сармуҳаррирон дорои мақоми хизматчии давлатӣ мешуданд, агар дар яке аз донишгоҳҳои кишвар факултаи полиграфия ва дизайн боз карда мешуд, агар ҳар 1 нашрияи музофотӣ соҳиби сайти расмии интернетии худ мегардид, агар дар назди редаксияҳо маҳфилҳои рӯзноманигорони ҷавон созмон меёфт, агар соле 1 бор миёни рӯзномаҳои музофотӣ озмун эълон мешуд, агар маъракаи обуна ба рӯзномаҳои музофотӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори вилоят наззора мешуд, агар ба ҳар 1 рӯзнома имкони иқтисодӣ даст медод, то баҳри ҷалби муштариёни нав аз сари ҳар 1 шумора 100-200 нусхаро туҳфа кунад, агар ходимони эҷодии ғайри ихтисос ба бозомӯзии касбӣ фаро гирифта мешуданд, нуран ало нур мегашт ва матбуоти даврии музофотӣ низ то 1 андоза дар ҷараёни рушду камоли соҳавӣ қарор мегирифт.

Фаромӯз Бобоев,

донишҷӯи факултаи журналистикаи ДДҚ ба номи н.Хисрав

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter