ХАБАРИ ДОҒ

Хизматрасонии беш аз 2500 адад нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт

  • Душанбе, Дек 19 2016

Тибқи иттиллои Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» айни замон дар ш. Душанбе ба воситаи 4 корхонаи коммуналии нақлиётии шаҳрӣ ва 21 ҷамъияти хусусӣ дар 93 хатҳои сайр ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 197 адад автобус, 60 адад троллейбус, 50 адад микроавтобус ва беш аз 2200 адад воситаи нақлиёти мусофирбари сектори хусусӣ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғуланд. Дар 11 моҳи соли равон бо ҳама намуди нақлиётҳои мусофиркашонӣ, бо инобати мушоҳидаҳои фаъолияти нақлиёти мусофирбар  235,9 млн. нафар мусофир кашонида шудааст, ки ин ба 100,9 фоизи ҳамин давраи соли гузашта баробар аст.

Чуноне ки дар ҳисоботи раиси ш. Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев вобаста ба фаъолияти соҳаҳои гуногуни пойтахт дар 11 моҳи соли 2016 омадааст, бо инобати таҷрибаи муваффақонаи истифодаи ройгони шабакаи  Интернет (Wi-Fi) дар хатсайрҳои автобуси №8 дар соли гузашта, баҳри вусъати шароити хизматрасонӣ ба мусофирон, қабл аз ҳама ҷавонону донишҷӯён дар  давраи  ҳисоботӣ  иловатан боз дар 10 автобус ва 10 троллейбус аз ҷониби ҶДММ “Таком” (Beeline)  ин намуди  хизматрасонии ройгон ташкил карда шуд.  

Баҳри ҳимояи ҳуқуқи мусофирон ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар воситаҳои нақлиёти мусофиркаш маълумот дар бораи ном ва рақами хатсайр, истгоҳҳои он, ному насаби ронанда, рақами телефони он, тарифҳои ҳамлу нақли мусофир, нақша ва ҷадвали ҳаракати хатсайр, рақами телефонҳои боварӣ дар  соҳаи нақлиёт, навбатдории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва номи субъекти хизматрасон зикр  карда шуданд ва мусофиронро зарур мебошад, ки барои аз ҳуқуқҳои худ дифоъ намудан, нисбати чораандешии саривақтӣ оид ба хилофкорони меъёрҳои амалкунандаи ҳамлу нақли мусофир дар шаҳр тавассути телефонҳои марбута муроҷиат намоянд.

 

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter