ҳамагӣ таҳсилу карераро битамом ба гӯшаи фаромӯшӣсупурдаем. Бехабар аз он, ки воқеан ҳам муҳоҷират баровардасози ормонҳои миллии мо буда наметавонад. Агар ба таҳқиқбиандешем, имрӯз кулли ҷавонон аз ватан фирорӣ шудаву манбаи асосии даромади худро дар муҳоҷират мебинанд, ки комилан хатост!
Дуруст аст, ки метавонем дар мӯҳлати муайян ё бо гузашти вақт ҳар муздури Тоҷикро андаке баъд дар сари вазифаҳои болотаре дар Русия бубинем ва Тоҷикон ҳам метавонанд дар ояндаи наздик ба муваффақиятҳои беҳтар дар муҳоҷират ноил шаванд. Аммо пештоз бояд гуфт, ки барои ҳар рушдеро ба даст овардан бояд муҳимтар чизеро аз даст дод. Чун агар дар Русия чанд нафар ё чанд гурӯҳе дар корҳои беҳтару тоза ва умедворкунанда дастболо гарданд, набояд фаромӯш кард, ки ҳатман чизеро аз даст медиҳем. Бубинед, ки сиёсати давлатҳо ба кадом ҳадд бумеранг гаштан дорад ва ин наметавонад ба раванди муҳоҷирате, ки ҳоло аксар ҷавонон пеша кардаанд, бетаъсир монад.
Хурӯҷи муҳоҷират агар аз 1 ҷониб доман густардани Тоҷикон аст, аз самти дигар нуқтаи заъфи Ҳукумати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист. Имрӯз фарзанди Тоҷик мактаби миёнаро тамом накардаву рӯ ба муздурӣ меорад ва баъзеҳо пешниҳод доранд, ки бояд бе билети ҳарбӣ ҷавононро аз фурудгоҳи Тоҷикистон ба сӯи Русия, ки ҳадаф муздурист, баргардонанд.
Аз Ӯзбекистон омӯзем(д)
Беҳтарин роҳро дар ин самт Ӯзбекистон пеш гирифтааст. Ӯзбекистон ҷавонеро, ки коллеҷро тамом намекунад дар марз бозмедорад, то барои Русия ва русҳо ҳар бесаводу қафомондаро роҳӣ накунад, ки дар хориҷа барои пул шуда, имиҷи миллати ӯзбекро ба хок яксон накунанд! Чаро Тоҷикистон ин корро намекунад? Ҳар тараф ҳам фикр кунем, дар амалигардонии ин андеша ҳатман хиҷил мемонем. Зеро дар Ӯзбекистон коллеҷро бепул метавон тамом кард. 3 соли таҳсил дар коллечҳои ҳатмии Ӯзбекистон баробар ботаҳсили мактаби миёна аст. Дар мо чӣ? Дар Тоҷикистони азиз, сиёсати маорифи кишвар чунон ба фасод ғӯтида, ки довталаби таҳсил наметавонад ақаллан коллеҷро тамом кунад. Зеро аз хурд то бузург рӯирост ба порагирӣ рӯз пеш мебарем. Шояд ки ин раванд аз мушкили рӯзгор ё маоши пасти омӯзгорон бошад. Вале намешавад, ки фикр кунем, агар ман пора нагирам фарзанди маро ҳам маҷбур ба порадиҳӣ намекунанд! Духтур аз бемор пора мегираду чун бемор агар омӯзгор аст, ҳатман аз донишҷӯ пора талаб мекунад ва донишҷӯ агар фардо дар соҳаи ҳарбӣ фаолият кунад, мутмаинан аз ҷинояткор пора мепурсад ва агар ҷинояткор фарзанди ягон камбизоат бошад, ҳатман барои пардохти ин маблағ фарзанди дигарашро ба муҳоҷират роҳӣ мекунад. Ҳамингуна ришваситонӣ дар кишвар рушд мекунад, ки дарди сари тамоми миллатҳост.
Пора нагир, эй ҳамватан, то аз насли ту ҳам пора нагиранд, ки аз дасти ин бемории асри нав-коррупсияи махуф, ҳама дар муҳоҷират ҳастем, ки ҳич гоҳ ба манфиати мо набуду нест!
Коллеҷи касбии Хадамоти муҳоҷират куҷост?
Имрӯз тамоми барномаҳои ТВ, Радио, навиштаҳои матбуоту интернетсайтҳои русӣ моро писханд мезананд, ки тоҷикон аз Русия раванд! Аммо дар таги дил инро намехоҳанд! Зеро ба муздурони тоҷик ниёз доранд! Вале чун мебинанд, ки муздурон аксар бесаводанд, аз ин истифода бурда моро дар фосила нигоҳ медоранд! Намехоҳанд, ки мо равем! Вале намехоҳанд, ки мо бошем!!
Мақсад ҳамон ҳадафи 1000-солаи коммунистист, ки Тоҷикистонро аз даст додан намехоҳанд, вале кӯмак ба ин миллатро ҳам намехоҳанд! Пас набоядҲукумати Тоҷикистон ҳам муздурони бесаводашро роҳии Русия кунад! Барои ин бояд ҳамаро хононанд! Ким ин корро бояд кунад? Албатта, Хадамоти муҳоҷират ва раисаш Сафиаллоҳ Девонаев! Барои хондан бошад, ришваситониро БОЯД решакан намуд! Барои решакании ин аввалтар аз ҳама ману ту, хонандаи гиромӣ, аз ин раванди махуф даст кашем! Пас биё имрӯз поягузори андешаи солим бош, ки фардо дер мешавад! МО МЕТАВОНЕМ! Шумо чӣ,ҷаноби Девонаев?
Шарифхони Тағоймурод,
Санкт-Петербург, Русия