ХАБАРИ ДОҒ

СОХИБОНИ ТОБУТХОИ БЕСОХИБИ ТОЧИК

  • Сешанбе, Фев 23 2016

Фармони ройгон фиристодани тобутҳои муҳоҷирин аз Русия ба Тоҷикистон кайҳо аз ҷониби президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид, вале то ҳол аз Санкт-Петербург тобути 1 нафар ҳам бепул ба Ватан наомадааст!

Медонед чаро? Зеро тобутро бо роҳҳои расмӣ интиқол додан даркор ва дар ин кор саҳми сазовори Диаспораҳо бояд бошад! Вале чун масъулини Диаспора хизмати чашмрасе дар ин кори хайр ҳатто бо фармони Ҳукумат ҳам анҷом намедиҳанд, алтернативаи ин амри хайр дар Санкт-Петербург 2 нафар шудаанд: Амир Раҳматов ва Неъматулло Бобоҷонов!

Ин 2 воқеан ҳам сарсупурдаи миллат дар Питеранд! Ҳарчанд худ муҳоҷиранд ва вазифаи давлатие надоранд, лек ба хотири Худову ободии охират ва барои баландбардории имиҷи миллат ин корро анҷом медиҳанд.

Вале ҷойи миннатдорӣ, аксар ҷониби ин 2 мард санги маломат мепартоянд. Медонед чаро? Зеро инҳо барои роҳӣ кардани тобутҳо аз дўстони хеш пул мегиранд; ба зўрӣ не, то хайр макрўҳ нагардад, танҳо бо илтимос ва қудрат ба тавоноӣ!

Коруфтодаҳо қисса мекунанд: "Боре дар Питер садамаи нақлиётӣ рух дод ва Неъматулло Бобоҷонов сахт осеб дид. Амир Раҳматов ба аёдаташ ба беморхона рафт ва пурсид, ки «Неъматҷон, ин чӣ ҳол асту аз ҳодиса чӣ чашидӣ?", ў нақл кардааст, ки вақти садама чашмонам торик шуд ва ҳамин дам духтаре, ки ҳар 2 аз бешароитӣ ба ҷойи хоҳар дар назди виҷдону Худо қасам хўрда, ҷасадашро бародарвор кафан карда будем, пеши назар пайдо шуду 1 ҳарф гуфт:

"Бародари қиёматӣ, худованд нигаҳбонат аст!".

Ин ҳодиса бе шак такон додани ин 2 нафар дар ҳаёт гаштаву шиори хизмат ба ДИНУ ВАТАНро шиори хеш карда, миёнро сахт бастаанд, ки ҳалолашон бод!

Чизи дигар аҷиб аст, ки чанд рўз пеш дар Питер нафаре бо иллати беморӣ фавтид ва ин 2 хостанд, ки ба Ватан фиристандаш. Аммо аз хешовандонаш ҷавоби аҷибе шуниданд: "Мурдаи ў ба мо даркор нест, дар ҳамон ҷо гўраш кунед!". Ва ин 2 марди поку сахӣ ҷасадро кафан кардаву ба мазор бурда, гўру чўб карданд.

Эҳсос кардед? Аз мурдаи баъзе муҳоҷир ҳатто хонаводааш ҳам безор, аммо ин 2 хотири ризои Оллоҳ ва обрўи Миллат, ҳатто мурдаи бесоҳибонро ҳам хор намедоранд. Ин таъриф нест, ҳақиқат аст. Неъматулло Бобоҷонов аз соли 1997 дар ин кор камари ҳиммат баставу баъдтар Амир Раҳматов бо ў ҳамроҳ шудааст.

Браво, шербачаҳои Тоҷик!!!

Шарифхони Тағоймурод,

Санкт-Петербург, махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter