Чуноне ки қаблан СССР хабар дода буд, аз имрӯз, 20.01.2017 сар карда фаъолияти микроавтобусҳои «Стракес»-у «Мерседес» тавассути к. Н. Қаробоев ва хиёбони С. Шерозӣ манъ карда шуда ба хати сайри аксарияти маршрутҳои ш. Душанбе тағийрот ворид гардид.
Бино ба иттиллои аз шӯъбаи нақлиёти Ҳукумати ш. Душанбе ба мо расида, хати сайри микроавтобусҳое, ки ба воситаи кӯча ва хиёбони мазкур фаъолият мекарданд, иваз шуда сар аз имрӯз микроавтобусҳои хатсайрҳо тавассути кӯчаҳои Соҳилӣ ва Борбад сурат мегирад. Аз ҷумла, аз субҳи рӯзи ҷумъа фаъолияти хатсайрҳои мусофиркаши №№ 5, 33 ва 54 ба воситаи к. Соҳилӣ ба роҳ монда шуда дар к. Н. Қаробоев ва х. С. Шерозӣ шумораи бештари автобусу троллейбусҳо ҳаракат хоҳанд кард.
- Мусофирон бояд нақлиёти истифодаи умумро дар истгоҳҳо интизор шаванд, зеро минбаъд ҷадвали харакат дар кӯчаҳои дар боло зикр карда ҳамин хел ба роҳ монда мешавад, - гуфтанд дар шӯъбаи нақлиёти Ҳукукмати пойтахт.
СССР