Бобати васеъ намудани географияи парвозҳо Ҷамъият дар нимсолаи якуми 2016 ба иҷрои парвозҳо дар хатсайри нави Душанбе – Пекин – Душанбе бо хизматрасонии ҷойҳои дараҷаи тиҷоратӣ ва инчунин дар хатсайрҳои Душанбе – Сургут – Душанбе ва Хуҷанд – Нижневартовск – Хуҷанд аз мавсими «Зимистони ИАТА –2016/2017» шурӯъ намуд.
Ғайр аз ин ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» хизматрасониҳои интиқоли мусофиронро ба самтҳои зерин пешниҳод намуд: Федератсияи Россия (Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск), Қирғизистон (Бишкек), Қазоқистон (Алмато), Эрон (Теҳрон), Ҳиндустон (Деҳлӣ), ҳамчунин, Хуҷанду Хоруғ.
Даромади умумии ҶСК «Тоҷик Эйр» назар ба соли 2015 13,0% афзоиш ёфтааст.
Ҳоло Ҷамъият 36 адад ҳавопаймою чархболҳо дорад, ки 5 – тои онҳо дар ҳолати коршоямӣ ва 31 адад дар ҳолати нигоҳдорӣ қарор доранд. Иҷроиши парвозҳо дар хатсайрҳои таъинотӣ дар соли 2016 вобаста аз имкониятҳои мавҷудаи парки ҳавопаймоии Ҷамъият анҷом дода шуданд. Барои дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доштан ва истифодабарии самараноки ҳавопаймоҳо корҳои тармимиву хариди қисмҳои эҳтиётӣ сурат гирифта, дар соли 2016 ба ин мақсадҳо тақрибан 15,7 млн сомонӣ харҷ шуд, ки назар ба соли 2015 6,6 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Ҷиҳати таҷдиди парки ҳавопаймоӣ корҳо сурат гирифта, як адад ҳавопаймои Боинг 767 – 300 дар асоси «лизинги тар» мавриди истифода қарор дода шуд.
Аз 2 802 парвози иҷрогардида дермонии иҷрои парвозҳо 647 ададро ё 23,1 фоизро ташкил дод. Сабабҳои асосии дермонии иҷрои парвозҳо номусоидии вазъи обу ҳаво, бақайдгирии мусофирону бағоҷ, иҷрои корҳои фурудгоҳию тафтишоти давлатӣ, расмиёти марзбонӣ, ҳолати техникии ҳавопаймоҳо, муттаҳид ва бо нишасти техникӣ иҷро кардани парвозҳо мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ Ҷамъият корҳои хайрия ва башардӯстонаро низ анҷом дод. Аз ҷумла – 475 адад борҳои «Груз-200» ва 192 нафар мусофирони депортатсияшуда (бе дарназардошти шахсони вурудашон ба Федератсияи Россия мамнӯъ) интиқол гардиданд.
СССР