ХАБАРИ ДОҒ

Кӣ ба куҷо меравад? (ҷадвали нави ҳаракати хатсайрҳои мусофиркаши пойтахт)

  • Душанбе, Фев 06 2017

Аз 20.01.2017 сар карда дар ҳаракати хатсайрҳои микроавтобусии мусофиркаши пойтахт тағийрот ворид карда шуда он бо мақсади ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва сабук кардани шиддатнокии ҳаракат дар хиёбони С. Шерозӣ ва к. Н. Қаробоев роҳандозӣ гаштааст.

Тағийр ёфтани хати сайри бархе аз микроавтобусҳо бо гузашти 15 рӯз то ҳол ҳам барои мусофирон ташвишовар аст, зеро мардум хуб намедонанд, ки микроавтобуси кадом хатсайр аз кадом кӯча ҳаракат карда, дар куҷо гардиш мекунад ва бо кадом роҳ меравад. Ба назардошти зангҳои хонандагони газетаи СССР, ки борҳо бо чунин мушкил бо мо дар тамос шудаанд, мо тасмим гирифтем ҷадвали нави ҳаракати хатсайрҳои мусофиркаши пойтахтро нашр намоем, то ин ки мусофирон гумроҳ нашаванд ва бидонанд, ки микроавтобуси лозимаи хешро дар кӯчаву гардиш интизор шаванд.

Инак:

Хатсайри микроавтобусии №2:

- маҳаллаи «Пахтакор»-Маҷмааи савдои «Пойтахт»-90», тавассути кӯчаҳои –Шестопалов-Маяковский-х. С.Шерозӣ;

Хатсайри микроавтобусии №5А:

- маҳаллаи Обшорон-дарвозаи ҷанубии ш. Душанбе, тавассути кӯчаҳои Ҷанубӣ-Соҳилӣ-х. Мавлоно А. Ҷомӣ;

Хатсайри микроавтобусии №5:

- маҳаллаи Шодиёна-ҶДММ «Чимтеппа», тавассути кӯчаҳои Ҷанубӣ-Соҳилӣ-х. Мавлоно А. Ҷомӣ;

Хатсайри микроавтобусии №33+33А

- к. Фучик-60/1-маҳаллаи Гулбутта, ба воситаи кӯчаҳои Ҷанубӣ-Соҳилӣ-х. С.Шерозӣ;

Хатсайри микроавтобусии №1+1А

- фурудгоҳ-маҳаллаи Гулбутта, ба воситаи кӯчаҳои Ҷанубӣ-Соҳилӣ-х. Мавлоно А. Ҷомӣ;

Хатсайри микроавтобусии №54:

- маҳаллаи «Пахтакор»-Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, ба воситаи кӯчаҳои Фирдавсӣ-Соҳилӣ-х. С.Шерозӣ;

Хатсайри микроавтобусии №2:

- бозори «Корвон»-«Тоҷикбаққолӣ», воситаҳои нақлиёти «Мерседес», тавассути кӯчаҳои Ҷанубӣ-Соҳилӣ-х.С.Шерозӣ;

Хатсайри микроавтобусии №52:

- маҳаллаи Меҳробод-маҳаллаи Гулбутта, тавассути кӯчаҳои Ҷанубӣ-Соҳилӣ-х. Мавлоно А. Ҷомӣ;

Хатсайри микроавтобусии №32:

- Боғи Ғалаба-Маркази ташхиси техникӣ, тавассути кӯчаҳои Ҷанубӣ-Соҳилӣ-Абай;

Чуноне ки ба мухбири СССР дар МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» иттиллоъ доданд, дар к. . Қаробоев асосан автобусу троллейбусҳо фаъолият намуда, дар хатсайри автобусии №2-20 адад, дар №18-10 адад ва микроавтобусҳои №33-20 адад воситаи нақлиёти бо зиёда аз 16 ҷойи нишаст дошта, бо реҷаи «ЭКСПРЕСС» фаъолият менамоянд.

 

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter