ХАБАРИ ДОҒ

Хонаҳои беодам ва одамони бехона

  • Душанбе, Фев 13 2017

Бо он ки сол аз сол шумораи биноҳои нави истиқоматӣ дар пойтахт мисли занбурӯғҳои баъди борон сар мекашанду пулдорҳо барои ояндаи хеш паси ҳам 2-3-тоӣ хона мехаранд, ҳазорҳо нафар шаҳрвандони оддӣ, аз ҷумла, муаллиму духтуру муҳандису журналист… солҳо дар навбати хона истодаанд…

Ахиран, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар дастур дод, ки бахши хоҷагию молиявии Ҳукумати пойтахтро мавриди санҷиш қарор дода, дар баробари он фаъолияти ширкатҳои сохтмонии шаҳрро, ки бо бунёди биноҳои истиқоматӣ машғуланд, тафтиш намояд. Аз ҷумла, фаъолияти КВД «Сохтмони манзили дастрас»-и Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ш.Душанбе низ мавриди санҷиш қарор хоҳад гирифт. Шояд санҷиши ин корхона дуруст ва саривақтӣ бошад, зеро объекти охирини он-сохтмони 9 бинои баландошёна дар суроғаи х.Сино 42 моҳ боз «хоб» асту мардуми хонахарида сарсону саргардон. Дар бораи ин ширкат ва хонаҳояш мо ҳатман дар шумораҳои баъдӣ матлаби бештаре омода хоҳем кард, аммо ин маротиб тасмим гирифтем ба биноҳои ба тозагӣ қомат афрохтаи истиқоматии пойтахт рафта, бубинем, ки ин хонаҳо дар ҳақиқат соҳиб доранд, ё не? Зеро мушкили харидани хона, таъминот бо манзил ва тақсими он имрӯз проблемаи №1 на танҳо дар ш.Душанбе, балки дар тамоми ҷумҳурӣ гашта, дар ин бора зангҳои бешумор ва муроҷиатҳои хонандагони СССР аз гӯшаю канори гуногуни кишвар дарак медиҳад.

 

 Хонаи арзон нест!

Дар тӯли 3 рӯзи охири ҳафтаи гузашта мухбири СССР аз 10 бинои нави истиқоматии ш. Душанбе ҳамчун харидори потенсиалӣ дидан намуд. Биноҳо низ махсус аз марказ ва 4 қисмати дигари пойтахт интихоб шуданд. Бо ин хостем бубинем, ки фарқияти сифату кайфият, нарху наво ва табақаи харидорон чӣ гуна аст.

Дар маҷмааҳои истиқоматии «Ватан», «Мега» ва боз чанд бинои дигаре, ки дар к.Айнӣ ва М.Турсунзода қомат афрохтаанд, ҳуҷраи холӣ пайдо кардан мушкил аст. Тамоми ҳуҷраҳои ин биноҳо, ки бархе дар ҳолати сохтмонанд, аллакай харида шудаанд. Дар маҷмааи «Ватан» ба мо танҳо 1 ҳуҷраи 1-хонагиро дар ошёнаи 13-ум пешниҳод намуданд, ки нархи 1 метри квадратии он 750 доллари амрикоист! Яъне, 1 хонаи 50-квадратии 1-хонагиро ман метавонам бо арзиши $38.000 бихарам! Аз ин дида хонаи арзонтар дар ин бино нест, амсоли он, ки то ошёнаи 13-ум ҳамаи хонаҳо новобаста аз нархашон харида шудаанд.

Дар маҷмааи биноҳои нави истиқоматии «Мега», ки онро ширкати туркӣ дар назди истгоҳи мағозаи «Олами китоб» сохтааст, низ чунин ҳолат аст. Арзонтарин хонаи ин бино, ки 68 квадрат аст, 50.000 доллари ИМА нарх дошта, аз 173 ҳуҷра аллакай 153 хона ба фурӯш рафтааст! Шом бошад аз ин 153 хона танҳо дар 20 хона чароғ равшан буду халос, боқӣ торику хомӯш! Яъне усулан хонаҳоро дар «новостройкаҳои марказ» сарватмандон мехаранду ҳамту холӣ мегузоранд. Нафаре дар сӯҳбат ба хабарнигори СССР гуфт, ки ин бойтураҳо хонаҳояшонро ҳатто иҷора намедиҳанд, зеро «ремонти гаронарзиш»ашонро вайрон мекунанд, квартирантҳо...

Дар бинои нави истиқоматии 10-ошёнаи ширкати «Лола» дар к.Борбад, ки ба бозори «Деҳқон» наздику дар арафаи ба истифода додан аст, танҳо 1 ҳуҷраи 1-хонагии 43-метрӣ дар ошёнаи 10-ум мондааст ва агар харидор пулро яклухт пардохт намояд, нархи он $22.000 мешавад! Дар хонаҳои бинои дигари ба тозагӣ бунёдшуда дар рӯбарӯи маркази савдои «Султони кабир» бошад, ҳамагӣ 3-4 хонаро фурӯхтаанду дигар ягон харидор нест…

 Кризис барои камбағалон?

Маълум аст, ки ба арзиши пули хона шароити хизматрасонии бино – обу лифту равшанӣ ва истгоҳи нақлиёт, таъмири 50%-и ҳуҷраҳо ва обу корез дохил мешавад, лек новобаста аз бӯҳрони молиявӣ нархи хона дар пойтахт арзон нест. Ба ҳисоби миёна нархи 1 метри квадратии манзил, чӣ дар марказ бошаду чӣ дар микрорайон, 750 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар биноҳои оддӣ ва дуртар аз марказ ин нарх ба ҳуҷраҳои ошёнаҳои 1-6 дахл дошта, 1 метри квадратии табақаҳои болоӣ назар ба поёнӣ то 100-150 доллар арзонтаранд.

Аз дафтари фурӯши ҳар 1 бино пурсидам: «Мардум хона мехаранд? Пул доранд? Кризис таъсир накард?». Ҷавоб дар аксар вақт ягона буд: «Кризис барои камбағалон аст! Мардуми пулдор на танҳо 1 хона, балки 2-3-хонаӣ мехаранд, хонаҳои худро аз рӯи дизайни муосир таъмир ва муҷаҳҳаз менамоянд. Пулдор чӣ ғам дорад!?»

Хона, ё Бонк?

Воқеан ҳам имрӯз чунин шудааст, мардуми нодор бо умеди рӯзе соҳиби хона, ё 1 порча замин ҷон меканаду мардуми пулдор, хоса соҳибкору тоҷиру банкиру вазифадор, хусусан, пас аз бӯҳрони бонкҳо фақат хона мехарад – пулашро барои барои харидорӣ намудани амволи ғайриманқул сарф мекунад! Агар 1 хонаро аз маркази шаҳр бихаранд, хонаи дигарро ҳатман аз ягон гӯшаи дигари пойтахт! Тарс аз бонкротшавии бонкҳои калидӣ, акнун пулдоронро маҷбур кардааст, ки сарваташонро ба хона резанд, яъне аз бонк гирифта, хона бихаранд.

Бархе аз ин амвол баъдан бо нархи ҳангуфт барои иҷора, алалхусус, ба хориҷиён дода шуда, дар 5-6 сол қимати хешро ба соҳибаш бармегардонад. Мисли он биноҳои наве, ки имрӯз дар паҳлӯи «Маркази Исмоилия»-и пойтахт қомат афрохтаанду сокинони асосиаш иҷоранишинони эрониву афғон мебошанд. Дар охири кор, соҳиб метавонад хонаро фурӯшаду пулашро гирад. Ин усули нави а ля тоҷикии сармоягузорӣ шудааст, ки ба ҳамааш...оре, Алимардонов ва кризиси бонкияш, гунаҳкор...

 Ҳазорҳо нафар дар навбати хона

Дар замоне, ки сол аз сол шумораи биноҳои нави истиқоматӣ дар пойтахт мисли занбурӯғҳои баъди борон сар мекашанду пулдорҳо барои ояндаи хеш паси ҳам 2-3-тогӣ хона мехаранд, ҳазорҳо нафар шаҳрвандони оддӣ, аз ҷумла, муаллиму духтуру муҳандису журналист… солҳои зиёд дар навбати хона истодаанд.

Мо хостем шумораи аниқи мӯҳтоҷони хона ва ё 1 порча заминро дар ш.Душанбе созем ва барои ин ба шаҳрдории пойтахт муроҷиат намудем. Пас аз ҷустуҷӯи тӯлонӣ ва зангҳои бешумор аз 1 шӯъба ба шӯъбаи дигар, танҳо тавонистем 1 оморро пайдо намоем:

-Тайи 10 соли охир ба Ҳукумати ш.Душанбе беш аз 20.000 аризаву дархост барои ҷудо кардани хонаву замин ирсол гаштааст. Аз ин шумора беш аз 7000 ариза барои ҷудо кардани 1 порча замин дар маҳаллаи Ховарони пойтахт аст. 

Боз ҳам ин омори нав нест ва шояд аз рӯи ҳисобу китоби масъулини нави шаҳрдорӣ шумораи ниёзмандони манзил аз ин теъдод бештар бошад. Мо ин мавзӯъро пайгирӣ хоҳем кард. Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова,

хонахари контролии СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter